Фарҳод Раҳимӣ: Тамоми ашъори Рӯдакӣ панду ахлоқ буда, дар ягон давру замон кӯҳна намешаванд

Сентябрь 22, 2021 14:24

ДУШАНБЕ, 22.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ дар Институти забон ва адабиёти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) ҳамоиши илмӣ-адабӣ  доир гардид.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ зимни суханронӣ  иброз дошт, ки «то рӯзе, ки як инсони соҳибхирад дар кураи Замин ҳаст, аз устод Рӯдакӣ ёд мекунад. Чунки тамоми ашъори Рӯдакӣ панд, ахлоқ ва зебоипарастӣ буда, ҳеҷ гоҳ, дар ягон давру замон кӯҳна намешавад».

Тавре устод Рӯдакӣ гуфтааст:

Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,
Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.
Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ,
Киштие соз, то бад-он гузарӣ.

-Бояд ин мисраъҳо шиори тамоми инсонҳои  комил бошад. Ҷаҳон имрӯз фарогири ҳазорон мушкилот буда, бадтарини он мушкилоти ахлоқӣ мебошад, ки рӯз аз рӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ вусъат гирифта, таҳдид ба худи инсоният аст. Дар ин росто ҳар панду ҳикмат ва сухани Рӯдакӣ сармашқи кори ҳар як инсони соҳибдилу соҳибақл бояд бошад,- афзуд Фарҳод Раҳимӣ.

Раиси Бунёди Рӯдакӣ, профессор Абдунабӣ Сатторзода иброз дошт, ки соли 1970 Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тасмим гирифта буд, ки ҳамасола  солонаи Рӯдакиро таҷлил намояд.

«То имрӯз ходимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, муассисаҳои таълимӣ ва таҳқиқии мамлакат дар тӯли 50 сол дар заминаи рӯдакишиносӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расониданд. Вале, ҳанӯз ҳам  корҳое, ки дар заминаи рӯдакишиносии ашъор ва осори устод бояд анҷом диҳем, хеле зиёданд. Сол то сол ҳаҷми онҳо бо кашф гардидани сарчашмаҳои нав ва ба вуҷуд омадани таҳқиқоти нав бештар мегардад.  Аз ин рӯ пешниҳод менамоям, ки дар назди Институти забон ва адабиёти АМИТ  Маркази таҳқиқи Рӯдакӣ таъсис дода шавад. Марказе, ки махсус ба гирдоварӣ, омӯзиш, таҳқиқ, тарҷума ва нашри осори   бузургвори устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ машғул шавад. Зеро аз рӯи он нақшаҳои генералие, ки Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ иҷро мекунад, на ҳамеша кормандон ба таҳқиқи ҳамасолаи осори Рӯдакӣ расида метавонанд», — гуфт А. Сатторзода.

Зимни ироаи  маърӯзаҳо таъкид шуд, ки осори устод Рӯдакӣ мавзӯъҳои гуногунро фарогир буда, бештар мавзӯъҳои умдаи ҷомеа, замону макон, фалсафа, ҳикмат, ахлоқ, панду насиҳат, башардӯст будан ва тасвири табиатро фарогир мебошанд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ ба болоравии ифтихори худшиносию ватандӯстии насли наврас неруи тоза бахшида, масъулияти ҳар шаҳрванди Тоҷикистонро дар роҳи рушду нумӯи давлати тозабунёд афзоиш медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки  аз соли 2002 инҷониб 22 сентябр ҳамасола дар Тоҷикистон Рӯзи Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Сентябрь 22, 2021 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст
КУЛОЛГАРӢ. Саразми бостон яке аз нахустин марказҳои кулолгарии Осиёи Марказӣ будааст