ИМРӮЗ – РӮЗИ АВИАТСИЯИ ТОҶИК. Сардори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода дар бораи фаъолияти ин соҳа дар 30 соли Истиқлоли давлатӣ

Сентябрь 3, 2021 15:20

ДУШАНБЕ, 03.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз кормандони сохторҳои мақомоти авиатсияи граждании  Ҷумҳурии Тоҷикистон иди касбии худро таҷлил менамоянд. Соли 1994 бо Қарори Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 сентябр Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва он ҳамасола ҷашн гирифта мешавад. Соли равон кормандони сохторҳои  авиатсионии кишвар иди касбии худро дар арафаи 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд ва бо дастовардҳои шоён истиқбол мегиранд.

Санаи таҷлили Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он ибтидо  мегирад, ки 97 сол муқаддам, аниқтараш  3 сентябри соли 1924 аввалин ҳавопаймои олмонии Ю-13 таҳти идораи сарнишинони тоҷикистонӣ Рашидбек Ахриев ва Петр Комаров аз Бухоро ба Душанбе парвоз намуд ва ба фаъолияти ниҳоди авиатсионии Тоҷикистон оғоз гузошт.

Дар зарфи 30 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инфрасохтори хизматрасонии соҳаи авиатсионии кишвар рушду такомул намуд. Аз ҷумла, Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба фурудгоҳи замонавии дорои хатти нишасту парвози муҷаҳҳаз, роҳравҳои зимомӣ, таваққуфгоҳҳои замонавӣ, низомҳои назорати парвозу нишаст, толорҳои барҳаво ва дигар инфрасохтори наву  замонавӣ табдил гардида, имкони қабули намудҳои гуногуни ҳавопаймоҳои хурду бузургро дорад. Дар зарфи 30 соли Истиқлоли давлатӣ  маҳз бо саъю талоши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  соҳаи  авиатсияи мамлакат тавсеа ёфта, алҳол  дар Тоҷикистон чор фурудгоҳи байналмилалӣ-Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар, ду ширкати ҳавопаймоӣ –«Тоҷик Эйр», «Сомон Эйр» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» фаъолият доранд.

Бо дарназардошти муҳимияти соҳаи авиатсияи гражданӣ ҳамчун соҳаи калидӣ дар рушди иқтисодиёти миллии кишвар маҳз бо дастгирӣ ва ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017 Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сохтори алоҳидаи мутамарказ, ки танзим ва назорати фаъолияти корхонаҳои авиатсиониро ба роҳ мемонад, таъсис дода шуд.

«Ин  ниҳоди давлатӣ аз рӯзҳои нахустини таъсис фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, талаботу қоидаҳои Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО), Кодекси фазои ҳавоӣ, қоидаҳои умумии авиатсионии кишвар ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ мондааст»,-гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар рӯзи иди касбии кормандони авиатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода.

Мавсуф афзуд, ки зарфи 97 сол авиатсияи гражданӣ аз ҳавопаймоҳои хурди якмуҳаррикдор то ба ҳавопаймоҳои калонҳаҷми мусофирбар ва борбар рушд намуд. Хусусан дар солҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инфрасохтори фурудгоҳии кишвар тавсеа ёфта, воситаҳои алоқа, дастгоҳҳои навигатсионӣ, низомҳои назорати парвозу фуруд ва воситаҳои электронии назорати парвозҳо, таъмини бехатарии парвозҳо ва дигар бахшҳои муҳими авиатсия густариш ёфтанд.

Маҳз бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе терминали нави муосир барои мусофирон сохта шуда, соли 2014 дар Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид. Моҳи июни соли 2018 дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сохтмони терминали нави муосири боркашонӣ ба анҷом расида, ба фаъолият оғоз намуд. Инчунин соли 2018 толори қабули меҳмонони расмии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки ин ҳама бозгӯи  дастгириҳои Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соҳаи авиатсияи кишвар мебошад. Ҳамзамон  соли 2019 дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Манораи нави назоратӣ – танзимнамоӣ, ки баландиаш беш аз 41 метр аст, ба истифода дода шуд. Ин иншооти бузурги аэронавигатсионӣ  дар таъмини  бехатарии парвозҳо аҳамияти калон  дошта, яке аз муҳимтарин иншоот барои идораи  парвозу нишасти  киштиҳои ҳавоӣ аст ва мутобиқ ба меъёру талаботи Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ сохта шуд. Ҳайати назоратчиёну танзимгарони  парвозу нишастҳои ҳавопаймову чархболҳо  аз муосиртарин технологияи  аэронавигатсионӣ истифода менамоянд.

«Дар даврони соҳибистиқлолӣ авиатсияи граждании Тоҷикистон рушд намуда, ҷуғрофиёи парвозҳо фарох гардид. Ба роҳ мондани парвозҳо ба зиёда аз 20 давлати хориҷӣ  ва имзои созишномаҳои ҳамкорӣ дар бахши ҳавонавардӣ бо 30 кишвари ҷаҳон далели  гуфтаҳост», -зикр кард Икром Субҳонзода. Мавсуф афзуд, ки барои таъмини амнияти парвозҳо ва бехатарии авиатсионӣ, баланд бардоштани сатҳи сифати хизматрасонӣ, муътадил нигоҳ доштани арзиши чиптаи ҳавопаймоҳо, ҷалби сармоягузорони хориҷӣ, аз ҷониби ширкатҳо баҳри хидматрасонии босифат ворид намудани ҳавопаймоҳои миёнаҳаҷми муосир аз вазифаҳое мебошанд, ки дар меҳвари  фаъолияти роҳбарият ва мутахассисони Агентии авиатсияи гражданӣ ва дигар мақомоти авиатсионии мамлакат қарор доранд.

-Итминони комил дорем, ки тамоми  нақшаҳо дар оянда батадриҷ  амалӣ гардида, ба рушди авиатсияи граждании кишвар, ки яке аз соҳаҳои калидии иқтисодиёти  Тоҷикистон маҳсуб меёбад, такони ҷиддӣ мебахшад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО аз АМИТ «Ховар»

P.S. Ҳайати эҷодии АМИТ «Ховар» бо истифода аз фурсат кормандони соҳаи авиатсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистонро бо иди касбӣ табрик намуда, ба онҳо  саломатӣ ва комёбиҳо таманно доранд.

 

Сентябрь 3, 2021 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода