Муҳаммадсаид Файзуллозода: «Ҳар яки мо ба истиқлол чӣ додем ва барои ин Ватан чӣ кардем?»

Сентябрь 5, 2021 09:08

ДУШАНБЕ, 05.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Поёни асри бистум барои бисёр миллату давлатҳо муҳимтарин рӯйдод маҳсуб меёбад, зеро бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ бисёр давлатҳо,  аз ҷумла Тоҷикистон  аз 9 сентябри соли 1991 соҳибихтиёрию соҳибдавлатии худро расман  эълон намуданд. Агарчи истиқлоли Тоҷикистон аз як тараф ҳадяи таърих бошад,  аз ҷониби дигар, ин талошу заҳматҳои чандинасраи абармардонаш  аст, ки ба он дастёб гардиданд.  Ба даст овардани истиқлол дар ҳаёти мардуми тоҷик саҳифаи нав боз намуд. Бе доштани истиқлоли давлатӣ, истиқлоли миллӣ ва ҳамон истиқлоли сиёсие, ки орзуи ҳамешагии ҳар миллати озод аст, ҳама гуна дастовардҳо- хоҳ иқтисодӣ бошад, хоҳ иҷтимоӣ  нопойдор хоҳанд буд.

Хуб мешуд, вақте даҳ маротиба мегӯем, ки «Истиқлол ба мо чӣ дод?»,  як бор аз худ бипурсем, ки «ҳар яки мо ба истиқлол чӣ додем ва барои ин Ватан чӣ кардем?», онгоҳ неъмати Истиқлолро беҳтар  дарк хоҳем кард.

Чунин  иброз дошт дар сӯҳбат бо АМИТ «Ховар» Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид ФАЙЗУЛЛОЗОДА.  

-Инак, истиқлоли мо сеюмин даҳаи ҳаёти худро оғоз кард. Кишвари мо дар даҳаи аввали соҳибистиқлолӣ мушкилоти зиёдеро пушти сар кард, аммо бо паси сар кардани ҷанги таҳмилию оқибатҳои он ва қабулу амалишавии ҳадафҳои стратегӣ ба давлати рӯ ба рушд табдил ёфт, — зикр намуд ӯ.

Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми се даҳсолаи соҳибихтиёрии худ ба комёбиҳои баланд даст ёфт. Агарчӣ панҷ соли ҷанги таҳмилӣ Ватан ва мардуми моро аз пешрафту муваффақият боздошт, вале миллати асосан ободкори мо пас аз имзои «Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ», ки ба 27 июни соли 1997 рост меояд, роҳи бунёдкориву созандагиро пеш гирифта, рӯз то рӯз ба сӯи пирӯзиҳо пеш меравад.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихоби сиёсати муваффақи худ дар ҳама созмонҳои минтақавӣ ва аксар созмонҳои байналмилалӣ узвият дошта, аз манофеъ ва арзишҳои миллӣ дифоъ мекунад, дар масоили ҷаҳонӣ назари хоси худро матраҳ месозад ва пешниҳодҳои мушаххаси худро дар бораи ҳалли ин ё он масоил ба миён мегузорад. Акнун ҳеҷ гуна тасмимгириҳои дастҷамъонаи ҷаҳониро дар минтақа, махсусан Афғонистон бе ҳузури фаъоли Тоҷикистон наметавон тасаввур кард. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аксар мамолики олам робитаи дӯстӣ дорад ва ҳамкории худро бар асоси манофеи миллӣ ва ҳифзи равобити ҳамсоядорӣ ба роҳ мемонад. Акнун аз баракати истиқлол миллатеро бо номи тоҷик ва кишвареро бо номи Тоҷикистон тамоми олам мешиносад, ки ҳамаи ин сӣ сол пеш афсонаеро мемонд.

Ҷашни истиқлол дар ҳақиқат тоҷи сари ҳама ҷашнҳост. Зеро агар истиқлол набошад, дигар ҷашнҳо мафҳум ва маънои худро гум мекунанд. Истиқлол ба мо имкон медиҳад, ки масири сарнавишти худро худ муайян кунем, вобастаи касе набошем ва худ тасмим бигирем, ки бо кадом кишвар чӣ гуна робита барқарор созем.

Сабақи таърих аз бисёр давлатҳои пешрафта гувоҳӣ он  аст, ки мо хоҳем-нахоҳем истиқлол дар масири такомули худ мушкилоти иқтисодӣ ба ҳамроҳ дорад ва зарур аст, ки онро сипарӣ намоем. Ёдовар мешавем, ки ин раванд танҳо хоси давлатдории навини мо набуда, ҳамаи миллатҳову давлатҳо ин пайроҳаро гузаштаанд ва ё дар ҳоли гузариш ҳастанд. Чунин мушкилот қариб дар ҳама кишварҳои ИДМ вуҷуд дорад ва агар инро ба назар гирем, ки мо боз як ҷанги панҷсоларо  аз сар гузаронидаем, онгоҳ мебинем, ки пешрафтҳои имрӯзаи мо аз дигар ҳамсоякишварҳоямон камтар набуда, балки дар бисёр мавридҳо бештар ҳам ҳаст.

Баррасии асноди солҳои охири Шӯравӣ нишон медиҳад, ки андешаи истиқлолпарастию истиқлолхоҳии тоҷикон тайи ин солҳо дар ҳолати таҳаввулу такомул қарор дошта, оқибат то ба сатҳи дарку эътирофи истиқлоли воқеии ҷумҳурӣ расид ва омили муайянкунандаи пешрафти ҷомеаи озоду комилҳуқуқи имрӯзаи мо гардид.

Агар андак ба умқи таърих фурӯ равем, мебинем, ки тоҷикон ҳамчун миллати давлатдору тамаддунофар дар давраҳои гуногуни мавҷудияти худ рӯҳи истиқлолхоҳӣ дошта, алорағми тохтутозҳои аҷнабиён ва носозгориҳои бешумори замон ваҳдат ва арзишҳои худро ҳифз мекарданд ва ба наслҳои баъдӣ ба мерос мегузоштанд.

Агарчӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон расман 9 сентябри соли 1991 ба истиқлол расид ва давлати мустақили худро таъсис намуд, аммо давлату давлатдорӣ барои тоҷикон чизи нав ва тоза бадастомадае набуд. Ойини  давлату давлатдории аҷдодони мо аз ҳазорсолаи сеюми қабл аз мелод оғоз гардида, дар тӯли таърих давлатдории тоҷикон борҳо дучори таназзул гашта, дигарбора эҳё ва такомул ёфтааст.

Гуфтан зарур аст, ки халқи тоҷик ҳамчун миллати соҳибтамаддун ва дорои таҷрибаи куҳани  давлатдорӣ барои бунёди давлати алоҳидаи миллӣ дар ҳама давру замон кӯшишу талошҳо намудааст. Аз нигоҳи таърихнигорон ташаккули давлатдории халқи тоҷикро ба чор марҳилаи таърихӣ ҷудо кардан мумкин аст:

-давраи якум, замони ташаккул ва инкишофи давлати Сосониён дар ҳудуди шимолу шарқии Хуросон.

— давраи дуюм, ташаккули халқи тоҷик дар Мовароуннаҳр, ки дар он халқиятҳои эрони шарқӣ, аз ҷумла, бохтариҳо, хоразмиҳо ва суғдиҳо зиндагӣ мекарданд.

-давраи сеюм, ташаккули халқи тоҷик дар замони Сомониён.

-даври чорум, ҳамчун давлати мустақил ва соҳибихтиёри том арзи ҳастӣ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1991 ба ин ҷониб.

Зикр кардан ба маврид аст, ки рӯйдодҳои муҳими таърихӣ чунин хусусияте доранд, ки аҳамияташон на дар замони вуқӯъ, балки бо гузашти вақт бештару беҳтар дарк карда мешавад. Инак бо гузашти 30 сол аз он рӯзи саиди 9 сентябри соли 1991 имкон дорем, то паҳлуҳои мухталифи ин рӯйдодро бо диди бозтар баррасӣ намоем.

Пӯшида нест, ки даҳаи аввали истиқлол дар кишвари мо асосан дар роҳи ба эътидол овардани вазъият ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ сарф шуд. Акнун бо гузаштан аз ин марҳила, ки марҳилаи аввали пас аз истиқлол буд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҳои худро ба рӯи ҳамаи кишварҳо боз кардааст ва дар ин  «сиёсати дарҳои боз» кишвар ё минтақаи мамнӯъ вуҷуд надорад. Имрӯзҳо мо самараи чунин робитаи гуногунсамту гуногунҷанбаҳоро дар арсаҳои мухталиф мебинем ва кишварҳои сатҳи минтақа ва ҷаҳон сиёсати пайгиронаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф мекунанд ва ҳатто қобили пайравӣ низ медонанд.

Аз сӯи дигар, бо нигоҳи воқеъбинона ба созандагиҳо ва бунёдкориҳои имрӯз дармеёбем, ки дар ҳақиқат тайи солҳои истиқлол таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои бузурге дар роҳи пешрафту шукуфоии кишвар гузошта шудаанд. Дар ин 30 соли истиқлол тарҳҳову барномаҳои бузурге дар самти иқтисод, тиҷорат ва савдо, коммуникатсия, озуқаворӣ, энергетика, саноат, тандурустӣ, илму маориф ва дигар самтҳои ҳаётан муҳим  ба марҳилаи иҷро расиданд, ки дар замони Шӯравӣ касе дар бораашон фикр намекард ва ё солҳо рӯи қоғаз мехобиданд. Пас хуб мешуд, ки бо шукргузорӣ аз истиқлол ва тамомияти арзии кишварамон, барои ободии бештари он бикӯшем ва рӯҳияи истиқлолдӯстиро дар афкори ҷомеа тақвият диҳем. Истиқлолият пояи пешрафту шукуфоии кулли мардум аст ва ба сӯи пешрафт таҳрик додани он низ танҳо вазифаи ҳукумат не, балки вазифаи  ҳар фарди ватандӯст аст. Бояд коре кунем, ки тафаккури истиқлолхоҳиву ватандӯстӣ дар рӯҳу равони ҳар узви ҷомеа, махсусан ҷавонон, ки неруи пешбарандаи ояндаи Тоҷикистон ном бурда мешаванд, реша гирад.

Истиқлол неъмати бузургест ва танҳо ҳамон вақт ба қадри он мерасем,  ки агар ҳар кадоми мо ҳамчун шаҳрванди ин Ватан ва ин хоку диёр, сарфи назар аз миллат, нажод ва дину мазҳаб худро соҳиби ин истиқлол ва марзу бум бидонему барои пойдорӣ ва рушду нумӯи он ба ҳама фидокориҳо омода бошем.

Сентябрь 5, 2021 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро мавриди истифода қарор доданд
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии Меҳмонхонаи чорситорадори «Фирдавсӣ»-ро ифтитоҳ намуданд
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ-БУЗУРГТАРИН МАКТАБИ ХУДШИНОСӢ БАРОИ НАСЛИ НАВРАСУ ҶАВОН. Бардошт аз суханронии Президенти Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи «Қалъаи Хуҷанд»
Дар шаҳри Бӯстон марҳилаи дуюми корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нуртез» ифтитоҳ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Суғд зиёда аз 5,5 ҳазор иншоот бунёду навсозӣ ва мавриди истифода қарор дода шудааст
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон то охири соли 2024 270 иншоот ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд клиникаи муосири оилавии муосири 1+1 ифтитоҳ гардид