Нақши Истиқлолияти давлатӣ дар танзими ҷашну маросим ва ташаккули ҳувияти миллӣ назаррас аст
ДУШАНБЕ, 24.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. 23 сенятбр бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақши Истиқлолияти давлатӣ дар танзими ҷашну маросим ва ташаккули ҳуввияти миллӣ» Конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар».
Дар конфренсия масъулин ва кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, олимону маҳаққиқон, омӯзгорону донишҷӯён, сархатибони масҷидҳои пойтахт ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳи ҳамоиш муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ иброз дошт, ки маҳз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бахши танзими анъана ва ҷашну маросим сабаб гардид, ки хароҷоти зиёд дар давраи амалкарди қонуни миллӣ, пешгирӣ ва манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳрвандон ҳимоя карда шавад.
Инчунин зикр гардид, ки қонуни мазкур барои ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ асос гузошт, суннатҳои диниву мардумиро ба танзим даровард, анъана ва маросиму ҷашнҳои миллиро мушаххасу дақиқ намуд, пеши роҳи хурофоту таассуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравиро гирифт ва ба ҷорӣ гардидани низому тартиботи ягонаи баргузории чорабиниҳои милливу мардумӣ роҳ кушод.
Аксҳо аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






