«Пешвои миллат: «Мо бояд ба хотири Ватан мисли ангуштони як мушт сарҷамъу муттаҳид бошем!»,- шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Сентябрь 10, 2021 15:09

ДУШАНБЕ, 10.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи равон матбуоти даврии Тоҷикистон дар шумораҳои нашрияҳо мавзӯъҳоро вобаста ба дастовардҳои 30 соли Истиқлолияти давлатӣ ва таҷлили ҷашни мазкур дар Тоҷикистон пайгирӣ намуд. Шарҳи АМИТ «Ховар» пешниҳоди хонандагони сомона мегардад.

«Ҷумҳурият» — нашрияи расмии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар шумораи №179-180 (24 287), чоршанбе,  8 сентябри соли 2021 дар саҳифаи аввал  суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро  дар ҷаласаи ботантана ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Пешвои миллат: «Мо бояд ба хотири Ватан мисли ангуштони як мушт сарҷамъу муттаҳид бошем!» нашр намудааст.

«Дар зарфи 30 соли сипаришуда барои расидан ба ин лаҳзаҳои пурнишот мо ҳама якҷо таҳдиду хатарҳои зиёд ва мушкилоти ниҳоят сахту сангинро паси сар кардем. Роҳи таърихие, ки халқи тоҷик, хусусан, дар солҳои аввали истиқлол сипарӣ намуд, як масири пур аз даҳшату фоҷиа, маҳрумияту машаққат ва монеаву мушкилот буд.

Замоне, ки кишвари соҳибистиқлоли мо ҳанӯз аввалин қадамҳои худро мегузошт, хоинони миллати тоҷик ва душманони давлати тоҷикон бо пуштибонии доираҳои манфиатдори хориҷӣ кишвари моро ба гирдоби мухолифати шадиди дохилӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд.

Даҳшати ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ҳеҷ гоҳ аз хотири мардум ва саҳифаҳои таърихи навини кишвар фаромӯш намешавад. Дар он айёми вазнину мудҳиш фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ пурра фалаҷ гардида, низоми идоракунии давлатӣ амалан барҳам хӯрда, Конститутсия ва дигар қонунҳо поймол ва дар кишвар фазои беҳокимиятиву хушунату зӯроварӣ ҳукмфармо гардида буд.  Бузургтарин фоҷиа дар он рӯзҳо хатари аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик буд»,- омадааст дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар  баробари хабару гузоришҳои расмӣ  дар шумораи навбатӣ тарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» пура нашр гардидаст.

«Қуввае ҳаргиз набошад азмро орад завол…», «Истиқлол ва маориф», «Ҳақиқати бебаҳс», «Шинохти рисолат», «Ифтихор аз истиқлолият ва сармеъмори он», «Бузургтарин дастовард», «Армоншикани қарнҳо» аз мақолаҳои дигари ин шумораи «Ҷумҳурият» мебошанд, ки   оид ба дастовардҳои 30 соли Истиқлолияти давлатӣ пешниҳоди  хонандагон намудаанд.

 «Садои мардум» —  нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дар №112 (4374), чоршанбе, 8 сентябри соли 2021 дар шумораи навбатии худ таҳти унвони «Истиқлолият калиди соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати тоҷик аст» суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи ботантана ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро пурра чоп намудааст.

«Народная газета»  нашрияи русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи №35, (20316), чоршанбе,  8 сентябри соли 2021 мавод таҳти унвони «Участие Президента Республики Таджикистан в военном параде по случаю 30-летия Государственной независимости», «Лидер нации Эмомали Рахмон посмертно наградил Бурхониддина Раббони и Ахмада Шаха Масуда высшей государственной наградой Республики Таджикистан-орденом  Исмоили Сомони 1 степени», «Участие Лидера нации уважаемого Эмомали Рахмона в открытии ряда юбилейных объектов в Душанбе», «Нам необходимо приучать наших детей к культуре мира и национального единства»-ро, ки  бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ сурат гирифтаанд, нашр намудааст.

«30 важных достижений Таджикистана за 30 лет Государственной независмости», «Государственная независмость и возрождение арийской идентичности», «Достижения женщин за 30 лет независимости», «Независмость — основа национальной государственности»,  «О красотках, покоривших небо», «Женщины- опора незавсимости», «Джума Джумазода: «Государственная независимость открыла новые пути к прогрессу и светлому будущему», «Свобода и независимость-важнейшие моральные и политические ценности» аз ҷумлаи матолиби дигари рӯзномаи  «Народная газета»  мебошанд, ки   дар ин шумора  рӯи чоп омадаанд.

«Минбари халқ» —  нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар шумораи №36 (1330), чоршанбе, 8 сентябри соли 2021   суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба  ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва суханронии Пешвои миллат дар паради ҳарбиро пурра нашр намудааст.

Ҳамчунин дар ин шумора мавод таҳти унвони «30 соли талошҳои пирӯзмандона», «Пешво ва истиқлоли зеҳнӣ», «Чароғи равшани ҳар хонадони Тоҷикистон», «Дар роҳи рушд ва ҳамсоягии наву нек» ва дигар матолиби хонданӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти  давлатӣ чоп шудаанд.

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

Сентябрь 10, 2021 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории илмӣ дар самтҳои зеҳни сунъӣ ва рақамикунонӣ бо намояндагони Чин баррасӣ карда шуд
«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ-2025». Иштирокдорони Форуми байналмилалии сармоягузорӣ «Қалъаи Ҳисор»-ро тамошо намуданд
«Бахтиёр Худойназаров намояндаи барҷастаи синамои тоҷик дар арсаи байналмилалӣ аст», — бардошт аз форум дар Душанбе
ИМРӮЗ — РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Арзишҳои миллӣ дар кинои тоҷикӣ ҳамеша мавқеи марказӣ доранд
СИНАМОҶАШНВОРАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ТОҶИ СОМОН». Дар доираи он форуми байналмилалӣ доир мегардад
Дар Душанбе Иди Меҳргонро бо баргузории Фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ таҷлил менамоянд
«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ-2025». Барои меҳмонону иштирокдорони Форуми байналмилалии сармоягузорӣ барномаи рангини фарҳангӣ доир карда шуд
Дар Душанбе Фестивал-симпозиуми байналмилалии фалак баргузор гардид
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА РУШДИ УСТУВОР. Ҷаласаи калидӣ дар «Душанбе-Инвест-2025»
«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ-2025». Шоми имрӯз дар Боғи Куруши Кабир барномаи рангини фарҳангӣ доир мешавад
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Маркази байналмилалии илмию техникӣ ҳамкориро густариш медиҳанд
Дар Москва ҳамоиш оид ба 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир ва «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид