«Пешвои миллат ва таҳкими истиқлолият». Таҳти чунин унвон дар Хоруғ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ХОРУҒ, 08.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бо ширкати роҳбарияти донишгоҳ, устодону донишҷӯён ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти унвони «Пешвои миллат ва таҳкими истиқлолият» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Нотиқон дар маърӯзаҳои худ бо истифода аз санаду далелҳои илмӣ ва муътамад роҷеъ ба нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлолияти кишвар, истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ сухан гуфтанд.
Тавре мухбири минтақавии АМИТ “Ховар” иттилоъ дод, ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ Гулзор Юсуфзода ба устодону донишҷӯёни донишгоҳ барои баргузор кардани конференсияи мазкур изҳори сипос намуда, арз дошт, ки “ҳанӯз аз солҳои аввали истиқлолият, ки мутаассифона, бо нофаҳмию даргириҳои гурӯҳҳои мухталиф рӯ ба рӯ шуд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба тантанаи хирад, ақлу заковати халқи куҳанбунёди тоҷик тамоми неруи худро ба барқарор кардани соҳаи маориф равона карданд ва иштибоҳ ҳам накарданд. Зеро маҳз хираду дониш дар ҳар давру замон ҷомеаро аз торикию ҷаҳолат наҷот бахшидаанд. Агарчӣ дар он солҳо шаҳри Хоруғ ҳам ноором буд, роҳҳо баста буданд ва сокинони он ба як бурда нон ниёз доштанд, донишгоҳи мо таъсис ва ба фаъолият оғоз кард. Иддае аз одамон таъсиси ин донишгоҳро дар замони ноорому қаҳтӣ зарур намешумурданд. Аммо гузашти солҳо дурустии ин тасмими Пешвои миллатро собит сохт. Маҳз бо шарофати ҷавонони соҳибмаълумот имрӯз кишвари мо ба сӯи рушди устувор гом мениҳад. Ба андешаи ман, яке аз дастовардҳои бузург ва беназири солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Хоруғ- ин таъсис додани донишгоҳи олӣ буд, ки ба садҳо ҷавонони ташнаи илму дониш дар он солҳои мураккабу печ дар печ имконият фароҳам овард, ки таҳсили худро идома дода, орзуҳояшонро амалӣ созанд”.
Аввалин хатмкунандагони ин донишгоҳ имрӯз дар муассисаҳои бонуфузи ватанию байналмилалӣ ифои вазифа мекунанд. Имрӯз низ донишгоҳ ин рисолати таърихии худро идома дода, чун яке аз марказҳои муътабари илмиву фарҳангии вилоят шинохта шудааст. Бо дастури Пешвои миллат дар ояндаи наздик дар шаҳри Хоруғ шаҳраки донишҷӯён бунёд хоҳад ёфт, ки дар пешрафти минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ин манотиқи кӯҳистон нақши боз ҳам бештар мегузорад.
Муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода нақши Пешвои миллатро дар бунёди давлатдории тоҷикон муҳим ва хеле муассир шумурда, изҳор намуд, ки «имрӯз коршиносони сиёсӣ ва сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ ба фаъолияти Пешвои миллат баҳои сазовор дода, дар суханрониҳои худ зикр мекунанд, ки маҳз тафаккури стратегӣ, сиёсати дурандешона, қобилияти дарки саривақтии моҳият ва мафҳуми масъалаҳои муҳими замони муосир ва ҷасорату иродаи қавӣ таҳкурсии давлатро мустаҳкам, суботи ҷомеаро таъмин, самти рушдро муайян ва дар арсаи байналмилалӣ мақому ҷойгоҳи миллату давлатро таҳким бахшид».
Устоди донишгоҳ, номзади илмҳои таърих Элбон Ҳоҷибеков бо истифода аз матну наворҳоро дар бораи лаҳзаҳои муҳими таърихи навини тоҷикон аз охири солҳои ҳаштодум то ба имрӯз, нақши Пешвои миллат дар таҳкими истиқлолият ва истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ бо далелҳои муътамад ба самъи иштирокдорони конфренсия расонд. Ин кори илмиву бунёдии устоди донишгоҳ барои аҳли толор имконият фароҳам овард, ки дар фурсати кӯтоҳ дар бораи роҳҳои ба истиқлолияти давлатӣ расидани тоҷикон ва ҷонбозиҳои фарзандони фарзонаи миллат маълумоти кофӣ ба даст оваранд.
Ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ устдони ин донишгоҳ бо ифтихорномаи раиси вилоят сарфароз гардонида шуданд.








СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду бинои баландошёна бунёд мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода 170 иншооти роҳу нақлиёт бунёд ва таҷдид мегардад
Дар Панҷакент бинои иловагии муассисаи таълимӣ сохта мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Конибодом корҳои созандагӣ вусъати тоза мегиранд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 100 корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъолият менамояд
Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 26 ҳазор иншооту биноҳо ба истифода дода шудааст
Соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» эълон гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ёвон муассисаҳои соҳаи маориф бунёд мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон беш аз 200 иншооти таъйиноти гуногун сохта мешавад
Дар шоҳроҳи Ёвон-Душанбе маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз ёфт
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Калфи Сабади ноҳияи Ёвон майдони варзишии муосир сохта мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ таъмиру навсозӣ карда шуд






