Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-ро дар ноҳияи Рашт ба истифода доданд

Сентябрь 22, 2021 08:23

ДУШАНБЕ, 22.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияҳои водии Рашт дар деҳоти ба номи Боқӣ Раҳимзодаи деҳаи Шулеи ноҳияи Рашт муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 35-ро, ки дар майдони умумии 720 метри мураббаъ бунёд гардидааст, ба истифода доданд.

Иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Файзиддин Зиёвудинов бунёд шудааст.

Сохтмони бино моҳи ноябри соли 2019 оғоз гардида, сентябри соли ҷорӣ ба анҷом расидааст.

Дар ошёнаи якуми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 35, 6 синфхона, ошхона, ҳуҷраи омӯзгорон, ҳуҷраи кории директор, озмоишгоҳи кимиёю физика ва дар ошёнаи дуюми он 5 синфхона ва ду синфхонаи компютерӣ, толори маҷлисгоҳ бо 135 ҷойи нишаст, китобхона ҷойгир мебошанд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 35 барои 340 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Муассисаи мазкур бо мизу курсиҳои истеҳсоли ватанӣ таъмин мебошад.

Бо бунёд гардидани чунин иншооти муосири таълимӣ 10 нафар омӯзгорони маҳаллӣ бо ҷои корӣ доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо бо омӯзгорону хонандагон суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, онҳоро ба таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва омухтани илмҳои муосир ҳидоят намуданд.
Ба истифода додани бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35 дар ноҳияи Рашт 22.09.2021

Сентябрь 22, 2021 08:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ 200 иншооти таъйиноти гуногун бунёд карда мешавад
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъат меёбанд
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии ноҳияи Данғара ҳашари тозагӣ ва сабзкорӣ гузаронида шуд
Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор гардид
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Ориповро ба ҳузур пазируфтанд