Рамазон Раҳимзода: дар ҳудуди Тоҷикистон имкони қабули зиёди гурезаҳо ва паноҳҷӯяндагон нест ва кумаки Роҳбари Намояндагии Комиссари Олии СММ зарур аст
ДУШАНБЕ, 02.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо роҳбари Идораи Комиссариати Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо Мулугет Зевдӣ мулоқот кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ҷараёни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ мушкилоти қабули хориҷиён дар кишварро ба таври муфассал таъкид кард.
Ҳамзамон Рамазон Раҳимзода иброз дошт, ки дар давраи ғасби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 5000 хизматчии ҳарбӣ ақибнишинӣ карданд, ки давоми як ҳафта дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шароити мусоид таъмин карда шуда, сипас бо роҳи осоишта онҳо ба Ватан баргардонида шуданд.
Гуфта шуд, ки дар минтақаи дахлнопазири сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 80 оила бо фарзандони худ ҳузур дошта, аз тарсу ваҳми қасди кушташавӣ хоҳиши ба Тоҷикистон ворид шудан доранд.
Рамазон Раҳимзода афзуд, ки бо мақсади сохтани лагерҳо ҳанӯз чанд сол қабл аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабули гурезагон дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Шаҳритус, Фархор, Ш.Шоҳин ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 70 га замин, ки сохтани инфрасохтори мутобиқро тақозо менамояд, ҷудо карда шуда, ба ташкилоту созмонҳои дахлдор барои кумак пешкаш шуда буд.
«Аммо давоми 20 сол аз ҷониби ягон созмону ташкилоти байналмилалӣ ҷиҳати бунёди инфрасохтор барои қабули гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда кумаки амалӣ эҳсос карда нашудааст. Бинобар ин дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон имкони қабули зиёди гурезаҳо ва паноҳҷӯяндагон вуҷуд надорад», — тазаккур дод Вазири корҳои дохилии мамлакат.
Мавсуф гуфт, ки барои таъмиру таҷдид ва шароити зисти «Маркази муваққатии қабул ва бақайдгирии гурезагон ва шахсони паноҳҷӯянда», воқеъ дар Ҷамоати деҳоти «Панҷ»-и ноҳияи Ҷайҳуни кумаки Роҳбари Намояндагии Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид зарур аст.
Вазир ҳамзамон иброз намуд, ки ниҳоди зертобеяш аз ҳар гуреза ташхиси коронавирус мегирад, бо онҳо суҳбатҳои инфиродӣ мегузаронад, шахсияти онҳоро муайян мекунад, то аъзои созмонҳои террористӣ зери ниқоби паноҳанда вориди Тоҷикистон нашаванд.
Дар ин ҷода мақомоти корҳои дохилӣ омода аст бо Намояндагии Раёсати Комиссари олии СММ оид ба гурезаҳо дар Тоҷикистон дар чаҳорчӯби қонунгузорӣ ҳамкорӣ намояд.
АКС: ВКД ҶТ








Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






