«РОҲ БА ПАРИЖ-2024». Сомон Маҳмадбеков дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷаҳон ва бародараш Маҳмадбек Маҳмадбеков дар ҳайати тими миллии Русия дар мусобиқаи байналмилалӣ ширкат мекунанд
ДУШАНБЕ, 02.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ду тоҷик — қаҳрамони ҷаҳон миёни ҷавонон Сомон Маҳмадбеков дар ҳайати дастаи ҷаҳон ва бародари хурдиаш, қаҳрамони Русия, ғолиби мусобиқаи Grand Slam байни калонсолон Маҳмадбек Маҳмадбеков дар ҳайати дастаи миллии Русия дар Мусобиқаи байналмилалии ҷудо ба номи Дзигоро Кано ширкат мекунанд.
Сомон ягона паҳлавони Тоҷикистон аст, ки ба ин мусобиқа роҳ ёфта, дар вазни 73 кило вориди майдон мешавад. Ин мусобиқа қарор аст 3 сентябр дар шаҳри Владивостоки Русия таҳти сарпарастии Владимир Путин, раисҷумҳури ФР ва Ёсихидэ Суга, нахуствазири Ҷопон дар ҳошияи Форуми иқтисодии Шарқ баргузор шавад.
Тавре ки АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷаҳон ғолибону ҷоизадорони Чемпионати ҷаҳон оид ба наврасон- 2019 аз Туркия, Олмон, Ҳолланд, Фаронса, Маҷористон ва Тоҷикистон иштирок мекунанд.
Ба гуфти масъулин, мусобиқаи мазкур зери шиори «Роҳ ба Париж» мегузарад.
ДАР АКС: Сомон ва Маҳмадбек Маҳмадбековҳо. Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






