СММ: Хатари ҷиддии суқути комили иқтисодии Афғонистон вуҷуд дорад

Сентябрь 15, 2021 13:42

ДУШАНБЕ, 15.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Таҳдиди суқути комили иқтисодии Афғонистон ҷиддист. Ин андешаро ахиран Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш дар конференсияи донорҳо оид ба Афғонистон иброз дошт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

Антонио Гутерриш таваҷҷуҳро ба ҷиддияти таҳдид ҷалб кард. «Имконоти гирифтани пули нақд ниҳоят маҳдуд аст ва пули нақд ҷонбахши иқтисод аст»,- гуфт ӯ.

Дабири кулли СММ афзуд, ки дар заминаи маҳдудияте, ки дар Афғонистон ҷорӣ карда мешаванд, пешгирӣ аз суқути системаи иқтисодии ин кишвар зарур аст.

Ҳамчунин иттилоъ дода мешавад, ки ширкаткунандагони конференсия ваъда додаанд, ки ба Афғонистон ба маблағи умумии беш аз 1 миллиард доллар кумак кунанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 15, 2021 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид