Сохтмони бинои иловагии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд оғоз шуд

Сентябрь 12, 2021 08:51

ДУШАНБЕ, 12.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд  ба сохтмони бинои иловагии Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ба номи профессор Ю. Исҳоқӣ санги асос гузошта шуд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид,  Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода,  Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, ҳайати меҳмонон аз вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон иштирок карданд.

Давлаталӣ Саид ва Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо устодону донишҷӯёни коллеҷи мазкур ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро табрик гуфта, бунёди бинои иловагии таълимиро муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карданд.

Тибқи лоиҳа, бино 4095,40 м2 масоҳат дошта, аз 4 ошёна ва 1 таҳхона иборат мебошад, ки барои сохтмони он тибқи харҷнома, сенздаҳ миллион сомонӣ сарф мегардад.

Дар бино 5 адад утоқи корӣ, 17 адад синфхонаи таълимӣ барои 510 нафар донишҷӯён ба нақша гирифта шудаанд.

Инчунин дар таҳхона ошхона, 1 адад утоқи кории бойгонӣ, 1 адад синфхонаи компутерӣ ва китобхонаи электронӣ барои 100 нафар донишҷӯ ва 1 адад утоқи корӣ ба истифода дода мешавад.

Айни замон  дар коллеҷ 275 нафар, аз онҳо 1 нафар номзади илми тиб, 3 нафар докторант, зиёда аз 10 нафар аспиранту унвонҷӯ, 52 нафар сармуаллим,  29 нафар ассистент, 107 нафар коромӯз ва 73 нафар магистрант фаъолият бурда истодаанд. Бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илм аз соли 2018 низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи профессор Ю. Исҳоқӣ ба роҳ монда шудааст.

Теъдоди умумии донишҷӯён 4098 нафарро ташкил дода, аз рӯи ихтисосҳои кори момодоягӣ, кори тиббӣ-ташхисӣ, кори ҳамширагӣ, кори табобатӣ, кори дандонсозӣ, кори фарматсевтӣ, кори тиббӣ-офиятӣ, кори тиббӣ- профилактикӣ таҳсил мекунанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Сентябрь 12, 2021 08:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст