Сухани Мавлоно барои имрӯзиёну ояндагон чун раҳнамои маънавӣ хизмат мекунад. Бардошт аз конфронси илмӣ
ДУШАНБЕ,30.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рўзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ имрӯз дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон(АМИТ) конфронси илмӣ доир гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» .
Доктори илми филология, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода зикр намуд, ки сарзамини ориёии мо бо фарҳанг ва тамаддуни пешрафта ва бо шахсиятҳои номвари хеш дар арсаи забон, илму фарҳанг ва ирфону маънавият дар дунё маълум ва машҳур аст. Фақат номбар кардани шахсиятҳои маъруфи он дар арсаи сиёсату давлатдорӣ, фарҳангу маънавиёт, илму маориф ва диншиносӣ ҷилд-ҷилд китоб хоҳад шуд. Яке аз чунин мардони бузурги олами ирфону тасаввуф Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ аст, ки дар ҷаҳони фарҳангӣ бо номҳо ва тахаллуси Мавлавӣ, Муллои Рум, Мавлои Рум, Шамс, Хамўш ва Хомўш машҳур аст.
«Ў дар хонаводаи яке аз донишмандони тавонои он рўзгор Баҳоуддин Валад, ки бо лақаби Султонулуламо низ машҳур буд, 30 сентябри соли 1207 дар Балх зода шуда, 29 январи соли 1283 мелодӣ дар Қунияи Рум аз дунё гузаштааст. Мазори мубораки ў дар ин шаҳр бо номи «Қуббаи хазро» маъруфу машҳур аст»,- гуфт Сайфиддин Назарзода.
Ба зикри мавсуф, осори Мавлавиро ба ду бахши бузург – назм ва наср ҷудо кардан мумкин аст.
«Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷилди дуюми китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» нигоштаанд: «Афкору андешаҳои пурқимати ин абармарди илму ирфон, бахусус, дар марҳилаи эҳёи давлатдории миллии тоҷикон ва ҳалли тазоду мушкилоти даврони ҷаҳонишавӣ арзиши дучанд пайдо кардаанд.
Назми оламгир, афкору андешаи бунёдӣ ва фалсафаи инсондўстонаи ин орифи бузург дар Шарқу Ғарб маъруф гашта, мардум дар саросари олам осори ўро меписанданд ва мутолиа мекунанд. Ў масъалаҳои умдаи умумибашарӣ, фарҳанги инсондўстӣ ва дигар паҳлуҳои муҳими ҳаётро чунон дурандешонаву воқеъбинона тафсиру баён кардааст, ки имрўз низ ҷавобгўйи ниёзу ормонҳои ҷаҳони муосир мебошанд», — афзуд мавсуф.
«Маснавии Маънавӣ» яке аз шоҳасарҳои адабиёти классикии мо буда, муаллифро шуҳраи ҷаҳон намудааст. Ин асар аз шаш дафтар ва 25685 байт иборат буда, дар он масъалаҳои гуногуни иҷтимоиву фарҳангӣ, мазҳабиву динӣ, фалсафаву тасаввуф ва ахлоқиву тарбиявӣ инъикос ёфтаанд. Шоир ин асари бузургҳаҷми худро дар муддати беш аз даҳ сол бадоҳатан эҷод намуда, пайравонаш (махсусан Ҳусомиддин) онро китобат кардаанд
Таҷлили Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ рӯзи маърифату фарҳанг ва тарғиби осори бегазанди адибони классику муосир ба шумор рафта, гувоҳи он аст, ки ҳусни калом ва сухани Мавлоно то ҳол ранг набохта ва барои насли имрӯзу оянда чун раҳнамои маънавӣ хизмат менамояд.
Акс аз АМИТ “Ховар”








Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд






