ТАРҶУМА ПУЛЕСТ МИЁНИ ДУ СОҲИЛ. Ба Рӯзи байналмилалии тарҷумонҳо бахшида мешавад

Сентябрь 30, 2021 15:48

ДУШАНБЕ, 30.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 30 сентябр Рӯзи байналмилалии тарҷумонҳо (International Translation Day)  ҷашн гирифта мешавад. Тарҷумонӣ муддати тӯлонист, ки яке аз маъруфтарин ва серталабтарин касб эътироф шудааст. Тибқи сарчашмаҳо, тарҷумонҳо бори аввал дар Мисри қадим пайдо шудаанд ва аз ҳамон замон ба қатори сокинони ифтихорӣ дохил шуда буданд.

Дар робита ба Рӯзи тарҷумонҳо  хабарнигори АМИТ «Ховар» Зарангези ЛАТИФ бо адиби маъруфи ҷумҳурӣ Мансур СУРУШ, ки муддати чанд соли охир дар Агентии «Ховар»  ба ҳайси тарҷумон фаъолият дорад, ҳамсуҳбат шуд.

Ба андешаи ин тарҷумони варзида, дар даврони муосир ҳаёти ҷомеа, фаъолияти муассисаҳои илмӣ, фарҳангию адабӣ, аз ҷумла воситаҳои ахбори оммаро бидуни касби тарҷумонӣ тасаввур кардан мушкил аст. Махсусан, бе истифодаи забонҳои маъруфи ҷаҳонӣ, аз қабили англисию русӣ ва ғайра имрӯз муошират нокофӣ дониста мешавад. Хурсандиовар аст, ки имрӯз бисёр ҷавонон ба забондонӣ майлу рағбат зоҳир мекунанд. Бо дарназардошти аҳамияти забондонӣ, бавижа забонҳои ҷаҳонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз худ кардану васеъ истифода бурдани забонҳои хориҷиро пайваста ҷиддан таъкид менамоянд.

«Мо дар соҳаҳои гуногун мутарҷимони касбии соҳибтаҷриба дорем. Масалан, дар адабиёт намунаҳои олии тарҷумаи бадеӣ ба номи устодон Сотим Улуғзода, Фазлиддин Муҳаммадиев, Ҷумъа Одина, Ҳасан Ирфон ва дигарон марбутанд. Дар айёми мо Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёри Муртазо ҳамчун тарҷумони соҳибистеъдод маъруф гардидааст. Аз таҷрибаи онон ва худ медонам, ки тарҷума хуб донистани ҳарду забонро тақозо мекунад, тарҷумон бояд сарвати луғавии худро хеле хуб ғанӣ гардонад, бо луғатҳои дузабона ва тафсирӣ кор кунад. Барои ин бояд бештар китоб хонд, таҷриба андӯхт, маҳоратро сайқал дод»,- мегӯяд Мансур Суруш.

Ба зикри мавсуф, “тарҷума дар маҷмӯъ фаъолияти касбии як гурӯҳ олимон, шоирон, нависандагон, намояндагони илмҳои гуногун мебошад. Масалан намешавад, ки як шоир ё нависанда китоби «Ал-Қонун»-и Синоро тарҷума кунад. Вай бояд ҳатман аз тафсиру луғатҳои соҳаи тиб бохабар бошад, ислоҳоти илми тибро донад.  Ё касе, ки аз истилоҳоти илми фалсафа огаҳ нест, ҳеҷ гоҳ наметавонад дар сатҳи зарурӣ осори фалсафиро тарҷума кунад. Ба андешаи ман, тарҷумаи осори соҳаҳои гуногунро бояд мутахассисони ҳамон соҳаҳо бар уҳда дошта бошанд».

Ҳамсуҳбати мо дар мавриди вижагии тарҷумаи маводи расмӣ иброз медорад, ки ин ҳам мисли дигар тарҷумаҳо, пеш аз ҳама,  мантиқро тақозо мекунад.

«Агар тарҷумон мантиқи матни аслро риоя карда, калимаҳои такрор, зиёдатӣ ва ё нолозимро ихтисор кунад, матн зарар намебинад. Хусусан, вақте аз забони тоҷикӣ ба русӣ тарҷума мекунед. Забони адабии мо забони муродифҳову тавсифҳои гуногун аст, ки дигар забонҳо инро намепарастанд. Дар тарҷумаи матнҳои сиёсӣ, вақте ба муродифҳо ва тавсифҳо дода мешавед, ин ҳолат таъсири суханро коста мегардонад. Дар ин маврид ихтисор кардан зарур аст»,-мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Бояд гуфт, ки Мансур Суруш аз соли 1977, баъд аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон фаъолияти худро ба ҳайси тарҷумон дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳозира «Ҷумҳурият») оғоз намудааст, ки то ин дам ин вазифаро тарҷумони соҳибкасб Мидҳад Беҳбудӣ- набераи маорифпарвари номӣ Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ бар дӯш доштааст.

«Хушбахтона, ман дар як утоқи корӣ бо рӯзноманигор ва тарҷумони варзида, инсону фозилу донишманд Шавкат Саид менишастам ва аз эшон чизҳо меомӯхтам. Ҳоло низ дар АМИТ «Ховар» вазифаи ман тарҷумонист. Фарқ фақат дар он аст, ки дар ибтидо ман аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷума мекардам, ҳоло баръакс. Аз ин рӯ метавонам гӯям, ки:

Тоҷикию русӣ бароям ду соҳили як дарёянд,
Ин ду забон барои ман яксон авлоянд».

Мавсуф мегӯяд, ба шарофати тарҷума адибону олимони мо шуҳрати ҷаҳонӣ ёфтанд. Дар ин кор саҳми тарҷумонҳои шинохта Семён Липкин, Владимир Державин, Силсилабону, Михаил Синелников, Мариана Фофанова, Василий Кирил ва бисёр дигарон хеле калон аст.

Ба андешаи мавсуф, имрӯз барои омода кардани тарҷумонҳои касбӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.  Хушбахтона, ҳоло дар донишгоҳҳои олӣ, мактабҳои миёнаву муассисаҳои илмии кишвар забонҳои гуногуни ҷаҳонӣ омӯхта мешаванд. Имрӯзҳо бисёр ҳамватанони мо бо чандин забони дунё муошират менамоянд, ба давлатҳои хориҷа рафта, таҳсили илм мекунанд, соҳибмаълумот мегарданд, ки ин, албатта, мояи ифтихори мо гардида, ба пешравии миллат, давлат ва қавми тоҷик мусоидат менамояд.

Агар сесад забон донӣ, фузун нест.
Ҳама рӯзе ба кор ояд, забун нест.

P.S:  Мансур Суруш асарҳои як зумра нависандагони тоҷик, аз ҷумла порчаҳо аз китоби «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт»-и Муҳаммад Авфии Бухороӣ, маҷмӯаи ҳикояҳои Урун Кӯҳзод «Рӯзбеҳ», ҳикояҳои ҷудогонаи Абдумалик Баҳорӣ, пйесаҳои С.Улуғзода — «Гавҳари шабчироғ», Низом Қосим — «Куруш ва Куруз», бобҳо аз романи Саттор Турсун «Завол», мақолаи маъруфи устод С.Айнӣ «Конститутсияи сталинӣ ва яҳудиёни меҳнаткаш»-ро ба забони русӣ тарҷума кардааст.

Тарҷумаи китоби андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи қисмати таърихии халқи тоҷик таҳти унвони «Тоҷикон дар оинаи таърих. «Аз Ориён то Сомониён» дар эҷодиёти Суруш мавқеи хосса дорад.

 

АКС аз АМИТ «Ховар»

Сентябрь 30, 2021 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Омӯзиши «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ уфуқҳои наву фарогиртареро ба рӯи хонандаи тоҷик боз мегардонад
Дар Душанбе сессияи зимистонаи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Моҳи май дар Тоҷикистон бахшида ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода чорабиниҳои гуногун баргузор мешаванд
Дар Институти химия озмоишгоҳи маводи ба коррозия устувор бо асбобу технологияҳои муосир ифтитоҳ гардид
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шаклгирии фарҳанги миллӣ ва заминаҳои он баррасӣ гардид
Бинои нави Вазорати фарҳанг ва Театри миллӣ дар рӯзҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба истифода дода мешаванд
Дар Душанбе доир ба мусиқии Шашмақом барномаи фарҳангӣ доир шуд
Мақоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар раддабандиҳои байналмилалӣ боло меравад
ПАЁМИ МИЛЛАТИ ПОКСИРИШТ! Бардошти Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ
Дар Академияи миллии илмҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ҷаласа баргузор шуд
ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН. Бобоҷон Ғафуров дар асоси садҳо далели холисонаи илмӣ миллати қадимӣ, фарҳангӣ ва тамаддунофар будани тоҷиконро исбот намуд