Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷойгоҳи Хатлон дар тамаддуни умумибашарӣ» ҳамоиши илмӣ доир карда шуд
ДУШАНБЕ, 19.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18 июл дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷойгоҳи Хатлон дар тамаддуни умумибашарӣ» ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин институт хабар доданд, ҳамоиш ба муносибати дохил гардидани 11 ёдгории таърихию фарҳангии минтақаи «Хуттали Қадим» ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО баргузор шуда, дар он доираи васеи олимону муҳаққиқон, намояндагони ниҳодҳои давлатӣ, созмонҳои илмӣ ва фарҳангӣ иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш доир ба нақши ёдгориҳои пешниҳодшуда дар таърихи халқи тоҷик, пажуҳишҳои хориҷӣ дар бораи Ҳулбук, раванди омодасозии номинаи «Хуттали Қадим» андешаронӣ намуданд. Инчунин мавзуъҳои аҳамияти таърихию фарҳангии маҷмааҳои археологии Хатлон, ҷараёни номгузорӣ ва мураккабиҳои таҳияи номинаи «Хуттали Қадим», зарурати ҳифз ва истифодаи устувори ёдгориҳо дар шароити муосир, нақши илмҳои дақиқ (нуҷум, математика ва муҳандисӣ) дар рушди Хуттали асримиёнагӣ, саҳми ниҳодҳои илмӣ ва мутахассисони тоҷик дар муаррифии мероси миллӣ дар сатҳи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Мавриди ёдоварист, ки 12 июли соли 2025 дар иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Париж баргузор гардид, ёдгориҳои «Хуттали Қадим» расман ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил гардиданд. Ин номинатсия панҷумин мавзеъ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дорои мақоми мероси умумибашарӣ гардид.
Ба таркиби номинатсия 11 ёдгории таърихию меъморӣ дохил мешаванд, ки дар ноҳияҳои Восеъ, Данғара, Ҷалолиддини Балхӣ, Фархор ва Ховалинг ҷойгиранд. Инҳо аз Қалъаи Ҳулбук , Шаҳристони Ҳулбук, Шаҳраки Манзаратепа, Дайри буддоии Аҷинатеппа, Қалъаи Золи Зард, Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин, Шаҳраки Ҳалевард (Кофирқалъа), Шаҳристони Золи Зар, Корвонсаройи Тоҳир, Шаҳртеппа ва Дайри буддоии Хишттеппа иборатанд.
Дар байни онҳо маҷмааи Қалъаи Ҳулбук ҳамчун маркази сиёсию маъмурии давлати Хуттали Қадим ва намунаи олии санъати меъмории асримиёнагӣ мақоми хоссаро ишғол менамояд. Тибқи арзёбиҳои мутахассисони ЮНЕСКО, ин ёдгориҳо таҷассумгари фарҳанги гуногунҷанба ва дастовардҳои тамаддунии Хуттал мебошанд, ки дар масири Роҳи бузурги Абрешим нақши муҳими иртиботдиҳанда ва истеҳсолиро иҷро намудаанд.
Бояд хотирнишон намуд, ки таҳияи номинаи «Хуттали Қадим» аз соли 2023 оғоз гардида, бо талошҳои муштараки Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО, Вазорати фарҳанг, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш, Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи маҳаллии вилояти Хатлон ва дигар ниҳодҳои марбута амалӣ гардидааст. Ин раванди номгузорӣ бо дастгирии лоиҳаи байналмилалии «Central Asian Archaeological Landscapes» (CAAL) таҳия ва мураттаб шудааст.
АКС: Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш








Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд
РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст
ШЕЪРИ РӮДАКӢ — ПАЁМИ ДОНИШУ ХИРАД ВА НАКӮКОРИЮ ҶАВОНМАРДӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
«ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ БА НОМИ РӮДАКӢ БОЯД ГИРИФТ…». Ва ё ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ будан шарафи бузург аст
НАҚШ ВА МАҚОМИ УСТОД РӮДАКӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ






