Тоҷикистон ва Канада вазъ дар Афғонистон ва таъмини амнияти минтақавиро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 07.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 6 сентябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Канада Марк Гарно суҳбати телефонӣ анҷом дод. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷараёни гуфтугӯ масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Канада, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо роҷеъ ба вазъ дар Афғонистон табодули афкор намуда, ҷиҳати таҳким ва тавсеаи ҳамкорӣ дар қолабҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ бо мақсади таъмини амнияти минтақавӣ изҳори омодагӣ карданд.
АКС аз ВКХ ҶТ








Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






