«Замин зиндагӣ аст!», «Корзори ному нанг»,- шарҳи матбуоти даврӣ

Сентябрь 30, 2021 11:39

ДУШАНБЕ, 30.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Матбуоти даврии Тоҷикистон ҳафтаи равон рӯйдоду  навгониҳоеро, ки дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии мамлакат ва ҷаҳон ба вуқӯъ пайвастаанд, дар саҳифаҳои худ инъикос намудаанд.

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» дар  шумораи рӯзи сешанбе, 28 сентябр №193 (24 300) сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пурра инъикос намудааст. Ҳамчунин дар ин нашрия зери  рубрикаи «Тоҷикистон» хабарҳо аз дохили мамлакат ба нашр расидаанд.  Дар ин саҳифа таҳти унвони «Замин зиндагӣ аст!» маводи таҳлилии директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмурод Раҳмон чоп гардидааст. Соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ яке аз бахшҳои асосии иқтисодиёти кишвар  ба ҳисоб меравад, ки барои равнақ бахшидан ба комплекси агроаноатӣ мусоидат менамояд. Муаллиф дар мақолаи худ татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти беҳдошти замин ва мушкилоти напардохтани ҳаққи истифодаи обро аз ҷониби истифодабарандагон таҳлилу баррасӣ намудааст.

«Пардохти ҳаққи хизмати обрасонӣ омили асосии рушди соҳа ба ҳисоб рафта, барои дар муҳлати муқарраргардида омодасозии шабакаҳои обёрӣ ва таъмини оби полезӣ мусоидат менамояд. Дар ин давра аз ҷониби истифодабарандагони об зиёда аз 37 миллион сомонӣ ҳаққи хизмати обрасонӣ пардохт шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 1,1 миллион сомонӣ зиётар мебошад. Вале идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ уҳдадориҳои шартномавии худро иҷро карда бошанд ҳам, ҳаққи хизмати обрасонӣ сари вақт ва пурра аз ҷониби истифодабарандагон пардохт намегардад. Ин сабаби афзудани бақияи қарзи ҳаққи хизмати обрасонӣ шудааст, ки бо назардошти солҳои пеш 172 миллион сомониро ташкил медиҳад»,- нигоштааст муаллиф.

Нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум» дар шумораи 28 сентябри соли равон, сешанбе, №121 (4383)  суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Дарвоз ва Ванҷ, инчунин маводро таҳти унвонҳои «Яке аз ҳадафҳои ҳукумати мамлакат рушди ВМКБ мебошад» ва «Дар ноҳияи Роштқалъа 140 иншооти ҷашнӣ ба маблағи 35 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст» аз мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ мунташир намудааст. Нашрияи парлумонии «Садои мардум»  ҳамзамон мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев нашр намудааст.

Нашрияи русизабони  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Народная газета» дар шумораи  рӯзи чоршанбе, 29 сентябр, №38 (20319) суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 76-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ва хабару гузоришҳоро аз ҷараёни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияҳои Балҷувон, Темурмалик ва шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ба нашр расонидааст.

Инчунин хонандагони нашрияи русизабони  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Народная газета» имкон доранд аз ин шумора маводи ҷолиб, аз қабили «Продуктивные итоги душанбинского саммита ШОС», «Принцип «открытых дверей»-главный успех внешней политики Таджикистана», «Мудрый человек и искусный политик», «Цель Агентства- надзор в области образования», «Известный вирусолог развеял мифы о коронавирусе» ва дигар хабарҳои дохили мамлакатро мутолиа намоянд.

«Минбари  халқ» — нашрияи марказии  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/  дар шумораи 29 сентябри соли 2021, чоршанбе, №39 (1333) хабару гузоришҳо аз ҷараёни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ва суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 76-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид инъикос намудааст.

Инчунин дар ин шумора хонандагон имкон доранд вобаста ба иншооти НБО «Роғун» зери унвони «Кори зарбдор андар кӯҳҳо» ва «Корзори ному нанг» маводи ҷолиб мутолиа намояд.

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Сентябрь 30, 2021 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст
КУЛОЛГАРӢ. Саразми бостон яке аз нахустин марказҳои кулолгарии Осиёи Марказӣ будааст
Барномаи консертии арбобони санъати Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳти унвони «Дӯстии абадӣ» доир мегардад
«ҚАЛАМДОРӢ-МАСЪУЛИЯТИ ВАТАНДОРИСТ». Таҳти ин унвон маҳфили адабии нависанда Садриддин Ҳасанзода доир шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Дар Душанбе намоиши дастнависҳо, нусхаҳои чопи сангӣ ва хушнависиҳои ашъори Ҳофизи Шерозӣ баргузор шуд
Мехоҳед таътили тобистонаи фарзандатон босамар гузарад? Пас ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон биёяд
Дар шаҳри Норак 2 ёдгории бостонӣ кашф ва таҳқиқ карда шуд
Дар Душанбе дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалӣ «Тоҷи сомон» баргузор мегардад
Дар театри Муҳаммадҷон Қосимов намоишномаи «Ман Таҳминаам…» аз рӯи достони «Шоҳнома» пешниҳод мегардад
Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар ноҳияи Ховалинг Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд