Ҳайатҳои Тоҷикистон ва Озарбойҷон густариши ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва ҷалби сармояро баррасӣ намуданд

Октябрь 8, 2021 10:22

ДУШАНБЕ, 08.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 7 октябр мулоқоти ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода ва муовини Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон Равшан Наҷаф ҷиҳати баррасии густариши ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва ҷалби сармоя баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар нишаст муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода, муовини Вазири саноат ва технологияҳои нав Умед Солеҳзода, намояндаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафири Тоҷикистон Рустам Солӣ ва Сафири Озарбойҷон Алимирзамин Гаввам оглу Аскаров, роҳбарони ширкатҳои озарӣ дар бораи имконияти сармоягузорӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои шарикӣ дар кишварҳои якдигар, инчунин марказҳои муштараки логистикӣ дар Тоҷикистон сухан гуфтанд.

Ҷонибҳо мавқеи ҳамсонро барои рушди имконияти истифоданашудаи ҳамкорӣ дар сатҳи давлатӣ ва миёни намояндагони бахши хусусии ду кишвар мувофиқа намуда, танзими мунтазами анҷуману ҳамоишҳои соҳибкории хурду миёнаро ҳамчун нақши муассир дар тавсияи ин самт донистанд.

 

АКС аз ВКХ ҶТ

Октябрь 8, 2021 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд