Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси сатҳи баланди Ҷунбиши адами тааҳҳуд иштирок намуд

Октябрь 13, 2021 16:02

ДУШАНБЕ, 13.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 11-12 октябр дар шаҳри Белгради Ҷумҳурии Сербия Конфронси сатҳи баланд бахшида ба 60-умин солгарди Ҷунбиши адами тааҳҳуд барпо гардид. Ҷониби Тоҷикистонро дар ин нишаст муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода намояндагӣ намуда, дар он суханронӣ кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар Конфронси сатҳи баланд масъалаҳои вобаста ба мубориза бо хатару таҳдидҳои муосир, зарурати ҳамбастагӣ дар пешбурди рӯзномаи байналмилалӣ ва таъмину ҳифз намудани принсипҳои NAM, аз ҷумла соҳибихтиёрӣ, ягонагӣ ва дахлнопазирии марзҳо, истиқлоли сиёсӣ ва ҳамзистии осоишта, инчунин эҳтироми ҳуқуқи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.

Мавзӯъҳои марбут ба таъмини рушди устувор, бартарафсозии пайомадҳои ҳамагирии COVID-19, дастрасии баробар ба ваксина, аз ҷумла масъалаҳои муҳитизистӣ дар меҳвари гуфтугӯи иштироккунандагон қарор доштанд.

 АКСҲО аз ВКХ ҶТ

Октябрь 13, 2021 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ мулоқот намуд
Созишнома оид ба бекор кардани талаботи раводид байни Тоҷикистон ва Сейшел ба имзо расид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири нақлиёт ва инфрасохтори Туркия мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк вохӯрии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ доир шуд
Ҳамкории мутақобили судманд байни Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо намояндагони ҷомеаи тоҷикон дар шаҳри Ню-Йорк вохӯрӣ намуд
Дар шаҳри Риёз омодагӣ ба ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Роҳбари Миссияи кумаки Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон мулоқот намуд
Тоҷикистон ва Гренада Созишнома оид ба мутақобилан бекор кардани талаботи раводидро ба имзо расониданд
Дар Теҳрон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуданд
Намояндагони баландпояи Бонки ҷаҳонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд