Ҷаласаи навбатии Шӯрои Вазирони корҳои дохилии ИДМ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 11.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 11 октябри соли равон ҷаласаи навбатии Шӯрои Вазирони корҳои дохилии давлатҳо — узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он тариқи реҷаи видео-конференсия намояндагони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода, намояндагони вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия ва Узбекистон, инчунин намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ ва Маркази зиддитеррористии ИДМ ширкат варзиданд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Точикистон.
Дар рӯзномаи ҷаласаи мазкур ҳамагӣ 14 масъала баррасӣ гардид. Аз он ҷумла, масъалаҳои ҳамкориҳои афзалиятноки вазоратҳои корҳои дохилии давлатҳо — узви ИДМ, ҳолат ва дурнамои рушди фаъолияти ташкили заминаҳои мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳамкорӣ ҷиҳати муқовимат бар зидди ҷинояткорие, ки бо истифодаи технологияи блокчейн ва криптавалютаҳо содир мегарданд, тақвияти нерӯи ҳамоҳангӣ оид ба ошкор намудани ҷиноятҳои технологӣ, аз қабили қаллобии интернетӣ ва ҳамкориҳо дар самти пешгирии шомилшавии ноболиғон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар рафти ҷаласа ҳамчунин масъалаи таҳияи лоиҳаи Барномаи чорабиниҳои муштараки мубориза бар зидди ҷинояткорӣ барои солҳои 2024-2028 ва коркарди санади тартиби қабул ва пешниҳоди маълумоте, ки дар махзани иттилоотии ВКД давлатҳо — узви ИДМ оид ба соҳаи муқовимат бар зидди рабудани воситаҳои нақлиёт мавҷуд аст, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Инчунин дар ҷараёни ҷаласа масъалаи таъсис додани нишони хотиравии Шӯрои Вазирони корҳои дохилии давлатҳо — узви ИДМ “Барои тақвияти ҳамкориҳо” баррасӣ гардид.
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода доир ба масъалаи 6-уми рӯзномаи ҷаласа ҷиҳати таҳияи лоиҳаи ҳуҷҷати байнидавлатии батанзимдарории тартиби ташкил ва гузаронидани таҳвили назоратшаванда аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори давлатҳо — узви ИДМ пешниҳодҳои судманд баён намуд.
Дар хотимаи ҷаласаи Шӯрои Вазирони корҳои дохилии давлатҳо — узви ИДМ як қатор қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд, ки барои тақвият бахшидани ҳамкориҳои минбаъда дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ мусоидат хоҳанд кард.
Аксҳо аз ВКД ҶТ








Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд






