Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти андози давлатҳои узви ИДМ доир гардид
ДУШАНБЕ, 09.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Аз 5 то 8 октябри соли равон ҷаласаи навбатии XXVIII-и Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомотҳои андози давлатҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ШҲРМА ИДМ) таҳти раёсати Кумитаи даромадҳои давлатии Ҷумҳурии Арманистон тавассути видеоконференсия баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ҷаласаи рӯзҳои 5 — 7 октябр доиргардида коршиносон ва намояндагони узви Шӯро иштирок карда, дар ҷаласаи рӯзи 8 октябр роҳбарони мақомотҳои андози кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил, аз ҷумла Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова ва дигар намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ, Донишгоҳи молиявии назди Ҳукумати Федератсияи Русия ва Комиссияи иқтисодии Авруосиё ширкат намуданд.
Ҳамчунин дар ҷаласа роҳбарияти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кормандони он иштирок намуданд.
Ҷаласаро раиси Кумитаи даромадҳои давлатии Ҷумҳурии Арманистон Рустам Бадасян, ки роҳбарии ҷаласаи Шӯроро дар соли 2021 ба зимма дошт, ҳусни оғоз бахшид.
Дар кори он натиҷаи фаъолияти ШҲРМА ИДМ дар соли 2021, ҳисоботи ташкилоти базавии кишварҳои узви ИДМ оид ба омоданамоӣ, бозомӯзии касбӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи андозу андозбандӣ, баланд бардоштани самаранокии санҷишҳои андозӣ дар кишварҳои узви ИДМ, маълумоти давлатҳои аъзои ШҲРМА ИДМ оид ба татбиқ намудани созишномаҳо вобаста ба бартараф намудани андозбандии дукарата ва пешгирии саркашӣ аз пардохти андозҳо аз даромад ва молу мулк ва Нақшаи кории ШҲРМА ИДМ барои солҳои 2021-2022 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Муовини якуми Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аюбҷон Солеҳзода дар суханронии худ доир ба мавзӯъҳои назорати андоз, дастгирии соҳибкории хурду миёна, сабукиҳои пешбинигардида барои соҳибкорон ва коҳиш додани санҷишҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020-2025, мониторинги андозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои дахлдори соҳаи андоз ибрози назар кард.
Дар фарҷоми ҷаласа аз ҷониби Директори Раёсати ҳамкории иқтисодии Кумитаи иҷроияи ИДМ Михаил Мискин ба муносибати 30 — солагии таъсисёбии ИДМ ва барои саҳми арзанда гузоштан дар тақвият ва таҳкими фаъолияти ШҲРМА ИДМ Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода ва дигар намояндагони ШҲРМА ИДМ бо Ифтихорномаи Кумитаи иҷрои ИДМ сарфароз гардонида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи навбатӣ, ки 29 ҷаласаи ШҲРМА ба шумор меравад, соли оянда дар Ҷумҳурии Беларус баргузор хоҳад шуд.
АКС аз Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ








Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад






