Аз Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли равон 149,4 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардидааст
ДУШАНБЕ, 19.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нуҳ моҳи соли равон аз ҷумҳурӣ ба дигар давлатҳо 149,4 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35,2 ҳазор тонна зиёд мебошад. Ин матлаб зимни баргузории ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нуҳ моҳи соли равон ва вазифаҳои минбаъдаи соҳа 15 октябр баён гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба иттилои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ сабзавот 96,9 ҳазор тонна, меваҷот 24,5 ҳазор тонна, меваи хушк 25,2 ҳазор тонна ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ 3,2 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Дар таркиби умумии маҳсулоти кишоварзии содиротшуда ҳиссаи 9 номгӯй маҳсулот зиёд аст. Аз ин пиёз 95,8 ҳазор тонна, меваи хушк 25,2 ҳазор тонна, ангур 16,2 ҳазор тонна, олу 2,6 ҳазор тонна, зардолу 2,1 ҳазор тонна, шафтолу 1,4 ҳазор тонна, олуболу ва гелос 1,2 ҳазор тонна ва тарбуз 98 ҳазор тоннаро ташкил мекунад.
Тавре директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода зимни нишасти матбуотии шашмоҳаи аввали соли равон хабар дод, дар ин давра ба маблағи 1231,6 миллион доллар маҳсулоти ватанӣ содирот гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 577,5 миллион доллар ё 88,3 фоиз зиёд мебошад.
Мавсуф зикр намуд, ки Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати густариши муносибатҳои хориҷӣ бо ҷонибҳои дахлдор, тақвият бахшидани фаъолият дар самти муаррифӣ кардани маҳсулоти ватанӣ, дарёфти бозорҳои содиротӣ, шарикони истеҳсоливу тиҷоратӣ тибқи тартиби муқарраргардида, бо якчанд намояндагони ширкатҳои дохиливу хориҷӣ вохӯриҳо ташкил намуда, масъалаҳои тақвият бахшидани фаъолият дар самти содироти маҳсулоти ватанӣ, роҳ ёфтан ба бозорҳои содиротӣ, ташкили марказҳои лигистикиву хариду фурӯши яклухти молҳоро мавриди баррасӣ қарор дод.
АКСҲО аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ






