Бахшида ба Рӯзи байналмилалии мусиқӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ҳамоишдоир шуд
ДУШАНБЕ, 01.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида баРӯзи байналмилалии мусиқӣ имрӯз бо ибтикори раёсати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар театри таълимии донишкада ҳамоиши фарҳангӣ доир гардид, ки дар он муовинони ректор ва устодону донишҷӯёни донишкада иштирок намуданд.
Тавре аз Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳамоиши мазкур мувофиқи нақшаи чорабиниҳои фарҳангӣ доир шуда, дар он асарҳои композиторони классику муосир садо доданд. Инчунин донишҷӯён маҳорати навозандагиву сарояндагии худро нишон доданд.
Мудири кафедраи санъатшиносӣ ва назарияи мусиқии донишкада Саидмаҳмуд Саидҳомидов дар мавзӯи «Назария ва таърихи мусиқии тоҷик» сухан кард, иброз дошт, ки мусиқиро ба тавлидгари тахайюлот ва моли эҳсоси насли одамӣ нисбат диҳем, хато намекунем.
«Забони мусиқӣ оламшумул ва бесарҳад буда, ба тарҷумон ниёз надорад. Он аз дил бархоста, ба дил менишинад. Пас, забони мусиқӣ дарки инсонист ва ин дарк дар тафаккури мо маъниеро сабт мекунад»,- афзуд мавсуф.
Ба зикри С. Саидҳомидов ,ҳар як сози мусиқӣ ба худ таърихи пайдоиш, садо ва навои хос дорад. Савту сози мусиқӣ низ чун дигар дастовардҳои инсонӣ бо мурури замон ва гузашти айём пайдо шудаанду сайқал ёфтаанд. Аҳамияти санъати мусиқӣ дар баробари дигар навъи санъати бадеӣ дар тарбияи насли наврас калон аст. Аз ин рӯ, дар ҷомеаи мо ба ин навъи санъат аҳамияти бештар дода мешавад ва ошноӣ пайдо кардани кӯдакон, наврасону ҷавонон бо санъати мусиқӣ ҳанӯз аз овони мактабхонӣ оғоз меёбад.
АКС аз Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






