Беш аз 2,7 ҳазор низомиёни Округи ҳарбии марказии Русия дар машқҳои миқёсии СААД дар Тоҷикистон иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 6.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Моҳи октябри соли равон бештар аз 2,7 ҳазор нафар низомиёни Округи ҳарбии марказии Русия ва беш аз 500 адад техникаи ҳарбӣ дар 3 машқи муштараки кишварҳои узви СААД (Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ) дар Тоҷикистон иштирок мекунанд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора дирӯз, 5 октябр Фармондеҳи низомиёни Округи ҳарбии ФР, полковник Александр Лапин ба рӯзноманигорон хабар дод.
Қаблан дабири кулли СААД Станислав Зас оид ба гузаронидани машқҳои муштараки ҳарбӣ дар ҳудуди сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон иттилоъ дода буд.
«Моҳи октябр дар Тоҷикистон, дар қарибиҳои сарҳади наздик ба Афғонистон 3 машқи муштарак, аз қабили «Ҳамкорӣ», «Ҷустуҷӯ» ва «Эшелон» бо ҷалби низомиёни кишварҳои аъзои СААД гузаронида мешаванд, ки ба онҳо беш аз 2,7 ҳазор нафар низомиён ва 500 адад техника ҷалб карда шудааст. Асоси қисмати русиягиро қисми 201-уми пойгоҳии ҳарбӣ ташкил медиҳад», -гуфт Лапин.
Тавре аз хадамоти матбуоти Округи ҳарбии марказии Русия хабар доданд, тамринҳои амалӣ дар ду машқгоҳи Тоҷикистон- Ҳарб-Майдон ва Момирак бо иштироки низомиёни 6 кишвари аъзои СААД гузаронида хоҳанд шуд.
Шартнома оид ба амнияти дастҷамъӣ соли 1992 дар Тошканд ба имзо расонида шуда, соли 2002 қарор оид ба таъсиси созмони мувофиқ қабул гардид. Ба СААД Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон шомиланд. Тоҷикистон роҳбарии раёсати Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро дар солҳои 2020-2021 ба зимма дорад.
АКСҲО аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд






