Дар беморхонаи «Истиқлол» кӯдакони дорои нуқсони модарзодии дил ҷарроҳии ройгон карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 25.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 23 октябр то 2 ноябр бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Аморати Муттаҳидаи Араб дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» кӯдакони дорои нуқсони модарзодии дил ҷарроҳии ройгон карда мешаванд, иттилоъ доданд аз Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» ба АМИТ «Ховар».
Мақсад аз роҳандозӣ намудани иқдоми мазкур дастгирӣ ва кумак намудан ба оилаҳои камбизоатест, ки кӯдакони гирифтори бемориҳои нуқсони дили модарзодӣ доранд.
Кӯдакону наврасони то 18-сола, ки нуқсони модарзодии дил доранд, метавонанд бо маълумотномаи камбизоатӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат муроҷиат кунанд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҷараёни гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ дар кӯдакону наврасони гирифтори бемории нуқсони модарзодии дил мутахассисони варзидаи тоҷик низ иштирок менамоянд.
АКС аз Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»








ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»






