Дар Донишгоҳи давлатии Данғара таҳти унвони «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 07.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Данғара бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон таҳти унвони “Мактаби сиёсии Пешвои миллат” Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ доир шуд, хабар дод ба АМИТ “Ховар” сардори бахши гурӯҳи таҳлилии таъмини бехатарии иттилоот ва кор бо сомонаҳои донишгоҳ Муҳаммад Шораҳимзода.
Дар қисмати расмии он муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ ва Раъно Бобоҷониён, муовини раиси вилояти Хатлон Заробиддин Файзуллозода, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён, ректори Донишгоҳи давлатии Данғара профессор Нуралӣ Шоҳиён, ректори Донишгоҳи давлати Бохтар ба номи Носири Хусрав Сайфиддин Давлатзода, ректори Донишкаи энергетикии Тоҷикистон Диловаршо Исозода ва ҳамзамон олимони хориҷӣ Наталия Савина аз Донишгоҳи миллии захираҳои об ва истифодаи табиати Ҷумҳурии Украина, Андрей Павленко аз Академияи давлатии кишоварзии Приморйеи Федератсияи Русия ва Вутсик Волдемар аз Донишгоҳи политехникии Люблини Ҷумҳурии Лаҳистон тариқи фосилавӣ маърузаҳои илмӣ намуданд.
Пеш аз оғози чорабинӣ меҳмонон аз шароиту имконияти илмомӯзии донишҷӯён, Маркази таълимӣ-маърифатии радиошунавоии “Амри вақт”-и донишгоҳ, маркази таҳсилоти фосилавӣ ва идораи грантҳо, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, соҳаҳои дизайни экспозитсионӣ, рассомӣ, ихтирооту навоварӣ ва намоиши китобҳои тозанашри устодони Донишгоҳи давлатии Данғара аз наздик дидан намуданд. Ба меҳмонон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ, узбекӣ, туркманӣ ва чинӣ мазмуну мундариҷаи асарҳои пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби донишҷӯён муаррифӣ гардид ва барномасозони ҷавнони донишгоҳ лоиҳаҳои инноватсионии худро пешниҳод намуда, баҳои баланд гирифтанд.
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ иброз дошт, ки “илм поягузори рушди устувор, самаранокӣ дар иқтисодиёту истеҳсолот, пойдорӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ва комгорӣ дар сиёсату маънавиёт арзёбӣ мегардад. Маҳз ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат тавонистанд, ки сиёсати пойдори давлати навини тоҷиконро ташаккул диҳанд, онро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун мамлакати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ маъруф гардонанд, сулҳу ваҳдатро байни аҳли ҷомеа пойдор намоянд, вазъи иҷтимою иқтисодии халқро беҳ гардонанд. Ҷалби олимону муҳаққиқон ба коркарди илмии татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб имкон медиҳад, ки нишондиҳандаҳои муайяншуда сари вақт, суроғавӣ, пурмаҳсул ва устувор дастёб гарданд; мактаби илмии ҲХДТ ташаккул ёфта, кадрҳои болаёқати аз лиҳози идеологӣ омодагашта ба таҳкими иқтидорӣ илмии идоракунии мамлакат мусоидат намоянд. Тарбияи кадрӣ дар ҳошияи рушди мактаби сиёсии Пешвои миллат-Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, механизмҳои муосири рушди устувори асосҳои институтсионалии мамлакат ташаккул дода мешаванд”.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён иброз дошт, ки Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Анҷумани 9-уми ҳизб иброз намуда буданд, ки «ҳизби мо дар замоне, ки хатари пароканда шудани миллат ва ҳамчун давлат аз байн рафтани Тоҷикистони тозаистиқлол ба воқеияти рӯз табдил ёфта буд, дар назди миллат ва Ватан, дар назди наслҳои имрӯзу оянда масъулияти бузурги таърихиро бар дӯши худ гирифт». Дарвоқеъ хизмати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон на танҳо дар ташаккули давлати муосири тоҷикон, балки дар бартарафсозии ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва ба даст овардани ризоияти миллӣ хеле созгор аст. Дар ин ҷо мактаби дигари Пешвои миллат, ки таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ҷалб намудааст — мактаби сулҳофарӣ, ки мавзӯи дигар аст, мавриди зикр мебошад.
Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Наралӣ Шоҳиён оид ба саҳми беназири Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди илму маориф ва аз ҷониби созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ пазируфтани ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат оид ба масоили об, экология, пешгирӣ ва паҳншавии хатарҳои муосири ҷаҳон, аз қабили терроризму ифротгароӣ, бегонапарастӣ ва дигар масъалаҳое, ки ба коҳиш ёфтани рушди неруи инсонӣ оварда мерасонанд, ёдовар шуд. Гуфта шуд, ки дар ин раванд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёда аз 53 мукофоти байналмилалӣ аз ҷониби ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ қадрдонӣ гардидаанд, ки дар қатори чунин унвон ва ҷоизаҳо «Пешвои асри XXI» аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо, медали 60-солагии ЮНЕСКО, ордени Шӯрои олимпии Осиё, медали тиллои ЮНЕСКО ва зиёда 17 ҳолати ба Пешвои муаззами миллат додани унвонҳои профессори фахрӣ ва доктори фахрии муассисаҳои соҳибэътибори олии таълимии байналмилалиро метавон алоҳида зикр намуд.
Дар конференсия як гурӯҳ кормандон ва фаъолони ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ бо Ифтихорнома ва Сипосномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонқадрдонӣ гардиданд.
Аксҳо аз Донишгоҳи давлатии Данғара










Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши китобхонаҳои шахсӣ дар рушди китобдории миллати тоҷик дар замони ҷаҳонишавӣ» ҳамоиш доир шуд
Пагоҳ дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
Соли 2027 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Покистон баргузор мегарданд
«АЗ СУЛҲИ ТОҶИКОН ТО СУЛҲИ ҶАҲОН». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
«Барномаи рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Аз ҳудуди ноҳияи Данғара ёдгории нодири меъмории мансуб ба асрҳои IX–XII ёфт гардид
Дар Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
29 август дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоишгоҳи муштараки маҷозии Тоҷикистон ва Эрон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳаввули мутолиаи китоб дар даврони Истиқлолияти давлатӣ маҳфили адабӣ баргузор гардид
Дар Рӯзи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сокинони пойтахт ганҷинаи нотакрори ҳунар пешниҳод гардид






