Дар Душанбе Намоишгоҳи махсуси техникаи кишоварзӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 04.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 11-12 октябр дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» таҳти унвони «Рӯзи саҳрои Русия ва Тоҷикистон» намоиши техникаву таҷҳизоти муосири кишоварзӣ баргузор мегардад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон.
Намоишгоҳ аз ҷониби Вазорати саноат ва тиҷорати Федератсияи Русия бо дастгирии Палатаи савдо ва саноати Русия, Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, Намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи «Росспетсмаш» баргузор мегардад. Оператори намоишгоҳ ҶС «ЭКСПОСЕНТР» мебошад.
Ба иттилои манбаъ, мошинсозони Русия ба ҳамкорӣ бо истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон манфиатдоранд.
Намоишгоҳ ба кишоварзони тоҷик имкон медиҳад, ки бо назардошти хусусиятҳои иқлим ва заминаи кишоварзии кишвар бо техника ва технологияҳои муосири кишоварзии Русия шинос шаванд, шахсан вохӯрда, тавсияҳо ва хусусиятҳои техникиро баррасӣ намуда, шароити муфиди харидорӣ ба даст оранд.
Миёни иштирокчиёни русиягии намоишгоҳ ҳам бузургтарин истеҳсолкунандагони техникаи кишоварзӣ ва ҳам корхонаҳои хурди инноватсионӣ аз минтақаҳои гуногуни Русия муаррифӣ карда мешаванд.
Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд






