Дар Душанбе оид ба дастовардҳои 30 соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон конфронс доир шуд
ДУШАНБЕ, 30.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 29 октябр аз ҷониби Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «30 соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон: масъалаҳо ва дастовардҳо» Конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар доданд.
Дар кори ҳамоиш намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои давлатӣ, олимону коршиносон, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат варзиданд.
Зимни конфронс директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ иброз намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлолияти давлатиро «арзишмандтарин дастоварди миллати фарҳангсолор ва куҳанбунёди тоҷик” дар замони муосир шумурдаанд. “Дар ҳақиқат ҳам, дастёбӣ ба ин неъмати волотарин, ки барои ҳар халқу миллат азизу муътабар аст, сарчашмаи бебаҳоест, ки тамоми равандҳои дигари ҳаёти давлату миллатҳоро муайян месозад. Аз ҷумла, миллати тоҷик ба шарофати ин дастовард, яъне расидан ба соҳибистиқлолӣ дар зарфи 30 сол таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат ба комёбиҳои назаррасе ноил гардид, ки дар таърихи халқи мо назир надорад»,-афзуд Х.Зиёӣ.
Дастовардҳои зикршуда хеле зиёданд, вале аз байни онҳо мутахассисони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-тои онро тибқи омори то имрӯз дастрас ҷудо намуданд, ки аз ҷумлаи онҳо дар харитаи сиёсии ҷаҳон пайдо шудани Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, ба узвияти комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудани он ва суханронии нахустини Роҳбари давлати тоҷикон — Пешвои миллат аз минбари ин созмон, ба ҳайси Сарвари давлат интихоб шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба шарофати ин хотима додан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ ва тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, таъмини фазои сулҳу оромӣ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ дар кишвар ва ба намунаи таҷрибаи нодир барои ҷаҳониён табдил ёфтани сулҳи тоҷикон ва ғайра мебошанд.
Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Нурулло Оқилзода зикр намуд, ки ҳадафи конфронси имрӯза на танҳо арзёбии дастовардҳои бузург тайи 30 соли Истиқлолияти давлатӣ, балки пайдо кардани омилҳои таҳкими соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мебошад. “Боварии комил дорем, ки олимону мутахассисони дар ин ҳамоиш ширкатдошта доир ба масъала ва мавзӯъҳои зикршуда тавсияҳои муфид пешниҳод менамоянд”,-гуфт мавсуф.
АКСҲО: МТС








Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд






