Дар Кӯлоб хусусиятҳои экологии гуногунии биологӣ баррасӣ шуданд

Октябрь 11, 2021 13:44

ДУШАНБЕ, 11.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 7-8 октябр дар шаҳри Кӯлоб Конфронси IX байналмилалии илмӣ дар мавзӯи «Хусусиятҳои экологии гуногунии биологӣ» баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) хабар медиҳад.

Конфронс бо ташаббуси АМИТ, шуъбаи биологии АМИТ, Мақомоти иҷроияи давлатии шаҳри Кӯлоб, Маркази илмии «Хатлон»-и АМИТ, Боғи ботаникии Кӯлоб ба номи Тилло Бобоев,  Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ ва ташкилоти байналмилалии «Флора ва Фауна Интернэшнл» дар Тоҷикистон гузаронида шуд.

Мақсади баргузории конфронс — ин таҳлили масъалаҳои хусусияти экологии гуногунии биологӣ, истифодаи самараноки захираҳои биологии набототу ҳайвоноти Тоҷикистон ва мутобиқкунонии гуногунии организмҳои зинда ба тағйирёбии иқлим дар оянда ба шумор мерафт.

Дар конфронс беш аз 200 нафар иштирокчиён аз муассисаҳои илмии АМИТ, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Институти биологии Помир ба номи Х. Юсуфбекови АМИТ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ва дигар муассисаҳои илмии соҳавӣ ва донишгоҳҳои олии Тоҷикистон, Институти умумиросиягии растанипарварии (ИУР) ба номи Н.И. Вавилов (Русия), Донишгоҳи аграрии Самарқанд (Узбекистон), инчунин донишҷӯён, магистрҳо ва аспирантҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ ширкат варзиданд.

Дар рӯзномаи конфронс масъалаҳои илмӣ, аз қабили хусусияти экологии гуногунии наботот, хусусияти экологии гуногунии ҳайвонот, экосистемаҳо ва маҳсулнокии биологии онҳо дар шароити тағйирёбии иқлим, гуногунии агробиологӣ,  бехатарии биологӣ ва хӯрокӣ, ҳифзи намудҳои нодири набототу ҳайвоноти маҳвшаванда ва истифодаи устувор ва идоракунии захираҳои биологӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тазаккур дода шуд, ки тайи солҳои охир дар ҷумҳурӣ механизми биологии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим омӯхта шуда, таҳқиқоти зарурӣ доир ба омӯзиши хусусияти экологии гуногунии биологӣ дар шароити минтақаҳои агроэкологӣ ва дар аксар мавзеъҳо таъсири баланди антропогенӣ бо аз байн рафтани намунаҳои арзишманди набототу ҳайвоноти Тоҷикистон ба назар мерасад. Ҳамаи ин таҳаввулот аз олимони тоҷик ҳалли масъалаҳои истифодаи усулҳои инноватсионии навро дар ҷараёни ба даст овардани генотипҳои устувори навъҳои зироати кишоварзӣ ба таъсири омилҳои стрессӣ дар шароити тағйиёбии иқлим тақозо менамояд.

Дар фарҷоми конфронс қарорҳои дахдор қабул гардиданд.

АКС аз АМИТ

Октябрь 11, 2021 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид
Дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Дар Тоҷикистон соли 1991 танҳо 15 театр фаъолият мекард
«Эмомалӣ Раҳмон — муаррифгари таърихи ниёгон ва тамаддуни навини тоҷикон». Таҳти ин унвон китоб ба нашр расид