Дар Муассисаи давлатии «Пажуҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ» Маркази таълимӣ-илмии демографӣ фаъол гардид
ДУШАНБЕ, 13.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. 12 октябр дар Муассисаи давлатии «Пажуҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи Маркази илмӣ-таълимии демографӣ баргузор гардид. Маркази мазкур дар доираи татбиқи лоиҳаи «Таҳкими омори демографӣ дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Русия маблағгузорӣ карда мешавад, ифтитоҳ гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.
Ба фаъолият шурӯъ намудани Маркази илмӣ-таълимии демографӣ имкон медиҳад, ки ходимони илмии Пажуҳишгоҳ бо истифода аз шароити хеле мусоиди корӣ ва таҷҳизоти муосири технологияи иттилоотӣ вазъи демографии ҷумҳурӣ ва таъсири муассири онро ба соҳаҳои муносибатҳои меҳнатӣ, раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, урбанизатсияи аҳолии деҳоти ҷумҳурӣ, танзими бозори меҳнат ва ба шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат мавриди таҳқиқи самарабахши илмӣ қарор диҳанд.
Маркази мазкур бо дастгирии Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид (UNFPA) таъсис ёфта, бо тамоми техника ва таҷҳизоти компютерии дорои барномаҳои муосир, чун Eviews ва Stata таъмин мебошад.
Дар маросими ифтитоҳи Маркази таълимӣ-илмии демографӣ Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода, Сафири Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов, Роҳбари дафтари UNFPA дар Тоҷикистон Наргис Раҳимова, инчунин ходимони илмии пажуҳишгоҳ ва намояндагони ВАО ширкат варзиданд.
Ширин Амонзода барои кумак ва дастгирӣ ба Сафири Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ва Роҳбари дафтари UNFPA дар Тоҷикистон Наргис Раҳимова арзи сипос намуда, дар назди ходимони илмии Пажуҳишгоҳ вазифа гузошт, ки бо истифода аз имконияти таҷҳизоти муосири технологияи иттилоотӣ ва таҷрибаи педагогиву таҳқиқоти илмӣ дар раванди таълим ва таҳқиқи масоили демографӣ саҳми бештар гузоранд.
АКСҲО аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад






