Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 22.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии миллии ҳифзи иҷтимоии назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ба имзо расид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Ёддошти тафоҳум зимни вохӯрии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва директори Агентии миллии ҳифзи иҷтимоии назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Мансурбек Оллоёров ба имзо расонида шуд.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, махсусан ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни мутахассисони ду давлат дар самти хизматрасонии иҷтимоӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок мубодилаи афкор намуданд.
Иброз гардид, ки ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар заминаи сиёсати созандаи сарони ду мамлакат амалӣ мегардад.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд






