Дилрабо Мансурӣ дар Анҷумани сеюми занони Авруосиё доир ба нақши занон дар рушди дипломатияи сулҳ ва боварӣ сухан гуфт
ДУШАНБЕ, 18.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. 12-15 октябр дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия дар мавзӯи «Вазифаи занон дар рушди дипломатияи сулҳ ва боварӣ» Анҷумани сеюми занони Авруосиё баргузор гардид. Дар назди иштирокчиёни ин нишасти сатҳи байналмилалӣ муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ Дилрабо Мансурӣ сухан гуфт, хабар дод мудири шуъбаи матбуоти дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар».
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки «барои ман ифтихори бузург аст, ки имрӯз ҳамчун намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар анҷумани байналмилалии занон иштирок менамоям. Анҷумани имрӯза, ки таҳти шиори «Баррасии нақши занон дар ҷаҳони муосир ва таҳияи равишҳои умумӣ дар ҳалли мушкилоти глобалӣ» баргузор мешавад, барномаи беҳамто барои табодул ва ҳамкории занони кишварҳои мо буда, дар расидан ба рушди муштарак саҳм хоҳад гузошт».
Имрӯз иштироки занон дар рушди дипломатия барои сулҳ ва эътимод, пешгирӣ ва ҳалли низоъҳо дар минтақаҳои гуногун ва нуқтаҳои доғ, инчунин баланд бардоштани сатҳи амният дар минтақаҳо тавассути баланд бардоштани иқтидори занон назаррас аст. «Имрӯзҳо ҳеҷ кас шубҳа намекунад, ки баланд бардоштани мақоми занони тамоми ҷаҳон ва таъмини ҳуқуқу имконияти баробар барои онҳо шароити зарурии рушди иқтисод, тақсими захираҳо, амнияти давлатӣ ва дипломатия, ташаккули сиёсати кишварҳо ва минтақаҳо ва минбаъд гузариш ба рушди устувори ҷаҳон мебошад»,-зикр намуд ӯ.
Дилрабо Мансурӣ ҳамчунон таъкид намуд, ки аҳамияти ҳалли масъалаҳои гендерӣ дар он зоҳир мешавад, ки бо мақсади таъмини мавқеи арзандаи занон дар ҷомеа ва татбиқи сиёсати муассири гендерӣ, ки ба таъмини ҳуқуқ ва имконияти баробари мардону занон равона гардидааст, иродаи қавии сиёсӣ лозим буд ва ин ирода аз ҷониби раҳбари кишвари мо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инъикоси худро ёфт.
Дар тӯли солҳои истиқлолият Тоҷикистон барои аз байн бурдани стереотипҳои гендерӣ ва таъмини сиёсати муассири гендерӣ кори бузургеро анҷом додааст, ки имрӯз он афзалияти сиёсати иҷтимоии давлати мо мебошад.
Тоҷикистон ҳамчун қадами аввал санадҳои асосии байналмилалии ҳуқуқи инсон, аз ҷумла Конвенсия оид ба барҳам додани ҳама гуна табъиз нисбат ба занонро ба тасвиб расонд.
Ҳамин тариқ, агар дар солҳои 2015-2020 дар палатаи поёнии Парлумон – Маҷлиси намояндагон 15 зан намояндагӣ мекарданд, ки ин 23,8% шумораи умумии вакилон ва дар палатаи болоӣ — Маҷлиси миллӣ 6 зан буданд, ки 17,6% -ро ташкил медод, пас имрӯз палатаи поёнӣ аз 17 зан иборат аст, ки 37% шумораи умумии вакилонро ташкил медиҳад ва палатаи болоиро 8 зан ё 25,8% намояндагӣ мекунанд.
Ин нишондиҳандаҳои намояндагии занон дар мақоми олии қонунгузори Тоҷикистон нисбат ба баъзе кишварҳои ИДМ ва давлатҳои Аврупо баландтаранд.
Дилрабо Мансурӣ ҳамчунин афзуд, ки дар айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 4485 нафар (23,4%) занон дар хизмати давлатӣ фаъолият доранд.
Ҳар қадаре, ки занон ба сиёсат ва дипломатия ҷалб шаванд, ҳамон қадар зудтар натиҷаҳои мусбат ва тағйирот ба даст меоянд, зеро занон дар нигоҳ доштани субот ва таъмини демократия нақши бузург доранд.
АКСҲО аз сомонаи Парлумон









Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байнипарлумонӣ ба Амрико сафар намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Пагоҳ Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ду созишнома ба тасвиб расид
6 феврал Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳокима гардид
Қонунҳои марбут ба партовҳо ва хоҷагии ёрирасон дар кумитаи Маҷлиси миллӣ баррасӣ шуданд
Дар кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба иқтисодиёт ва коммуникатсия якчанд қонун мавриди баррасӣ қарор гирифт






