«Динамо» дар Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба панкратиони муосир соҳиби ҷои якум шуд
ДУШАНБЕ, 22.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори варзишии Муассисаи давлатии Маркази тайёрии олимпии дастаҳои мунтахаби шаҳри Душанбе Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба панкратиони муосир миёни наврасон ва ҷавонон доир гардид, ки дар ҳисоби даставӣ дастаи Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ мақоми якумро соҳиб шуд, хабар дод корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимҷон Набизода ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар».
Дар ин мусобиқа 400 нафар варзишгарон ва мухлисони ин намуди варзиш аз шаҳру навоҳии мамлакат ширкат варзиданд,
Дар сабқат 7 нафар динамочӣ таҳти сарпарастии Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамидхӯҷа Ҳабибов иштирок намуда, аз онҳо 3 нафар — Ёқуб Раҷаб дар вазни 35 кг, Муҳаммадӣ Файзалӣ дар вазни 50 кг ва Ислом Саидов дар вазни 55 кг миёни наврасон сазовори ҷойҳои аввал гардиданд. Дар ҳисоби даставӣ низ дастаи Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ мақоми якумро соҳиб шуд.
Мусобиқаи мазкур аз ҷониби Федератсияи панкратиони муосири Тоҷикистон доир гардида, ғолибон бо медалу ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд.
Ҳадаф аз гузаронидани мусобиқаи варзишии мазкур тарғибу ташвиқи варзиш ва тарзи ҳаёти солим миёни насли наврасу ҷавон, такмили малакаю маҳорати варзишии онҳо, баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстию меҳанпарастӣ ва таҳкими дӯстию рафоқат арзёбӣ гардид.
Акс аз Федератсияи панкратиони Тоҷикистон








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






