Гуштингирони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон ширкат мекунанд

Октябрь 31, 2021 09:08

ДУШАНБЕ, 31.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Се гӯштингири тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонони то 23-сола иштирок мекунанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни ҷавонони то 23-сола аз 1 то 7 ноябр дар Шаҳри Белгради Сербия доир мегардад. Ба иттилои Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштин (UWW) дар чемпионат, ки аз рӯи равияҳои тарзи озод, юнонӣ-римӣ ва гӯштини бонувон сурат мегирад, ҳудуди 620 варзишгар аз 58 давлат ширкат хоҳанд кард.

Аз ҷумҳурии мо се нафар – Муҳаммад Икромов (57кг), Мустафо Ахмедов (70кг) дар гӯштини тарзи озод ва Далер Ризозода (77кг) дар гӯштини юнонӣ-римӣ ба Белград сафарбар гардиданд.

Тибқи барнома, чемпионат 1 ноябр бо қувваозмоиҳои гӯштини юнонӣ-римӣ (ЮР) оғоз мегардад. Дар рӯзи сеюм бонувон (ГБ) рӯи гилем мебароянд. Чемпионатро гӯштингирони тарзи озод (ТО) ҷамъбаст мекунанд.

АКС: КМО Тоҷикистон

Октябрь 31, 2021 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Лигаи футзали Тоҷикистон беҳтаринҳои мавсими 2024/25-ро қадрдонӣ намуд
Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид