«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ». Таҳти чунин унвон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-ҷумҳуриявӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 05.10.2021 /АМИТ«Ховар»/. 4 октябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи ҷаҳонии омӯзгор дар мавзӯи «Истиқлолият ва рушди забони тоҷикӣ» конференсияи илмӣ—ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев.
Дар кори конференсияи илмӣ роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон, доираи васеи муҳаққиқону забоншиносон ва омӯзгорон иштирок ва дар мавзӯъҳои «Забон ва аҳамияти он дар партави гузоришҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон», «Давраҳои таърихии инкишофи забони тоҷикӣ», «Хусусиятҳои забонӣ ва услубии «Меъёр-ут-тадаюн»-и Аҳмад Махдуми Дониш», «Хат ва таърихи он», «Мақоми омӯзгор дар ҷомеаи имрӯза» ва «Саҳми занони суханвар дар замони Истиқлолият» маърӯзаҳои илмӣ манзур намуданд.
Зикр гардид, ки забони тоҷикӣ дар раванди ташаккул ва таҳаввули худ роҳи ниҳоят душвору пурпечутобро тай карда, аз санҷишу имтиҳонҳои сахту сангини таърих гузаштааст ва имрӯз, яъне дар даврони соҳибистиқлолӣ ва бунёди давлати миллӣ низ рисолати худро ба сифати яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва омили ҷомеасозу ваҳдатофарин идома дода истодааст.
Инчунин нашқи омӯзгор дар рушду густариши забони миллӣ ва мавҷудияти ҷомеи мутамаддину соҳибфарҳанг, ки дар он муносибатҳои волои инсонӣ ва муоширати дуруст ба мушоҳида мерасад, хеле муҳим арзёбӣ карда шуд.
Имрӯзҳо аз ҷониби Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳифзу рушди забони тоҷикӣ ва касби омӯзгорӣ диққати махсус зоҳир карда мешавад.
Дар ҳамоиш аз ҷониби кормандони осорхона доир ба бузургдошти забони тоҷикӣ ва омӯзгор шеърҳо қироат карда шуданд.
Дар фарҷом миёни иштирокчиёни конференсия оид ба масъалаҳои муҳими илми забоншиносӣ табодули афкор сурат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки аз соли 2009 инҷониб 5 октябр Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи ҷаҳонии омӯзгор таҷлил мегарданд.
АКС аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад






