Корманди Комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт шуд

Октябрь 18, 2021 13:40

ДУШАНБЕ, 18.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ-тафтишотии кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори дастгоҳи алоқаи махсуси махфии зершуъбаи алоқаи Комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон Раҷабалӣ Дӯстов бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар медиҳад.

«Дӯстов Раҷабалӣ Ҷумахонович дар вазифаи сардори дастгоҳи алоқаи махсуси махфии зершуъбаи алоқаи Комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш бо истифода аз ваколати хизматӣ бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд «А» барои аз хизмати ҳарбӣ озод намудани бародараш 22000 сомонӣ талаб намудааст», — омадааст дар иттилоия.

Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ-тафтишотӣ Раҷабалӣ Дӯстов баъди бевосита талаб карда гирифтани маблағи 22000 сомонӣ аз шаҳрванд «А» дар ҷойи ҳодиса дастгир гардида, аз ӯ маблағи 22000 сомонӣ ҳамчун далели шайъӣ ёфта, гирифта шуд.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Раҷабалӣ Дӯстов бо моддаи 247 қисми 3 банди «а»-и Кодекси ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ба Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.

АКС аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ

Октябрь 18, 2021 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд