Лоиҳаи Консепсияи рушди устувор барои кишварҳои узви ИДМ аз ҷониби вакилони Парлумон тасдиқ карда шуд
ДУШАНБЕ, 22.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар қароргоҳи Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи Байнипарлумонӣ оид ба омӯзиши таҷрибаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ баргузор шуд, ки дар он раиси кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода муовини раиси комиссия интихоб гардид, иттилоъ дод котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар».
Ҷаласаи мазкур таҳти раёсати Валентин Семеняко- раиси комиссияи мазкур, раиси Комиссияи доимии Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус оид ба сохтори давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ баргузор шуд.
Вакилони парлумон лоиҳаҳои Консепсияи рушди устувор барои кишварҳои узви ИДМро бо дарназардошти пешниҳоду эродҳои расида баррасӣ ва тасдиқ карданд. Қарор дода шуд, ки аз Шӯрои Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ дархост карда шавад, ки масъалаи ин лоиҳаҳоро ба рӯзномаи ҷаласаи пленарии навбатии АБ ИДМ ворид кунанд. Дар соли 2021 комиссия ба коркарди лоиҳаҳои нави ҳуҷҷатҳои интихоботӣ оғоз кард.
Дар ҷаласа ҳамчунин лоиҳаи Қонуни намунавӣ «Дар бораи мушоҳидаи байналмилалӣ», ки аз ҷониби узви кумитаи Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия оид ба қонунгузории конститутсионӣ ва сохтори давлатӣ Олег Тсепкин пешниҳод шудааст, баррасӣ гардид. Иштироккунандагони ҷаласа рафти кор роҷеъ ба лоиҳаи таҳрири нави «Тавсияҳо барои нозирони байналмилалӣ аз ИДМ оид ба мушоҳидаҳои интихобот ва раъйпурсӣ»-ро низ мавриди омӯзиш қарор доданд. Муовини сардори котиботи Шӯрои АБ ИДМ — Директори Институти байналмилалии мониторинги рушди демократия Иван Мушкет роҷеъ ба масъалаҳои зикршуда маълумоти муфассал дод.
Бори аввал дар ҷаласаи комиссияи мазкур лоиҳаҳои қонунҳои намунавӣ «Дар бораи хадамоти давлатӣ ва мунисипалӣ», «Дар бораи расмиёти маъмурӣ», «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ ва коммуналӣ», «Дар бораи мукофотҳои мунисипалӣ» муаррифӣ гардиданд. Сенатори Русия Александр Савин ба ҳамкасбони худ ҷанбаҳои калидии ин ҳуҷҷатҳоро нақл кард. Омӯзиши корҳо оид ба лоиҳаҳои қонунҳо идома хоҳад ёфт.
Аъзои комиссия инчунин бо маълумот дар бораи татбиқи Консепсияи ҳамкории байниминтақавӣ ва наздисарҳадии кишварҳои узви ИДМ дар давраи то соли 2020 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он шинос шуданд. Аз соли 2000 инҷониб мавзӯи ҳамкории байниминтақавӣ ва наздисарҳадӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти комиссия ба ҳисоб меравад.
Вакилони парлумон инчунин дар конфронси «Симои шаҳри муосир» бахшида ба Соли меъморӣ ва рушди шаҳрсозӣ дар ИДМ, ки дар Петергоф баргузор мешавад, иштирок мекунанд.
АКС: МН МО ҶТ








Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти такмили низоми идоракунии молияи давлатӣ густариш меёбад
Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад






