Масъалаи таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ шуд

Октябрь 21, 2021 09:55

ДУШАНБЕ, 21.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории ҷаласаи якуми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ки имрӯз дар Душанбе доир мешавад, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Вазири корҳои хориҷӣ ва тиҷорати берунаи Ҷумҳурии Маҷористон Петер Сийяарто 20 октябр мулоқот анҷом дод, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Завқӣ Завқизода зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тавсеа ва рушди ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Маҷористон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.

Дар мулоқот мусоҳибон масъалаҳои баимзорасонии Протоколи ҷаласаи якуми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва дорувориро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба ҳамкории муосир ва имконоти рушди минбаъда мубодилаи афкор намуданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкории судманд ва истифодаи самараноки имконияти мавҷуда изҳор намуданд.

 Акс аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Октябрь 21, 2021 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард