«Миёни Тоҷикистон ва ЮНЕСКО муносибатҳои боэътимод ташаккул ёфтаанд», — шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Октябрь 22, 2021 16:35

ДУШАНБЕ, 22.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи сипаригардида матбуоти даврии Тоҷикистон барои хонандагон оид ба ҳаёти сиёсӣ иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат маводи сершумор ба нашр расониданд. Муҳимтарин масъалае, ки дар сархати инҳафтаинаи мутбуоти миллии мо қарор гирифтааст, ин сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Фаронса, иштирок дар маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қароргоҳи ЮНЕСКО, ифтитоҳи намоиши нигораҳои Тоҷикистон дар Музеи Гимей — Осорхонаи  санъати Шарқи   шаҳри Париж ва баргузории Иди Меҳргон дар Тоҷикистон мебошад. Шарҳи мухтасари хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ин хусус.

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» дар шумораи №208 (24 315) сешанбе, 19 октябри соли 2021 таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон ва таҳкими давлатдории тоҷикон», «Балҷувон. Вақте дасту дили мардум гарм аст…», «Мактаби қаҳрамонӣ», «Суғд. Дурнамои моҳипарварӣ чӣ гуна аст?», «Ҷасорати Ҷасур фаромӯш намешавад!», «Дунёи зебоӣ. Бардошт аз кӯчабоғҳои Душанбеи азиз, ки чаманистонро мемонад» ва дигар хабару гузоришҳои саривақтӣ аз дохил ва хориҷи мамлакат зери рубрикаҳои «Рӯйдодҳои илмӣ», «Варзиш», «Ҷаҳон», «Ҷаҳон дар як сатр» ва  «Тоҷикистон» нашр шудаанд.

«Ҷумҳурият» дар шумораҳои минбаъдаи худ оид ба иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Музейи Гимей — Осорхонаи  санъати Шарқи   шаҳри Париж, ки намоиши нигораҳои таърихии кишвари мо таҳти унвони «Тоҷикистон-кишвари дарёҳои тиллоӣ» оғоз гардид,  иштироки Сарвари давлат дар ҷаласаи Шӯрои сарварони давлатҳои аъзои ИДМ ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабару гузоришҳои муфассал нашр кардааст.

Дар шумораи ҳафтаи сипаригардидаи нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- «Садои мардум», таҳти №130 (4392) рӯзи сешанбе,  19 октябри соли 2021 аз рафти иштирок ва суханронии Сарвари давлат дар маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қароргоҳи ЮНЕСКО, мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Одри Азуле ва Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш ба нашр расидааст.

Дар ҳамин шумора хонанда имкон дорад, ки маводњоро  таҳти унвони «Меҳргон рамзи шукргузорӣ аз неъматҳои табиат ва заҳмати кишоварзон аст», «Миёни Тоҷикистон ва ЮНЕСКО муносибатҳои боэътимод ташаккул ёфтаанд» аз суханронии Сарвари давлат, «Файзи Меҳргон ва самарии заҳмати деҳқон», «Идораи меъморӣ ё саройи худкомҳо?», «Ба кӣ бовар кунем: Раиси ноҳия ё мудири шаъбаи молия?», «Помидори ваксинадор бар зидди COVID -19» ва дигар матлабҳои ҷолибро мутолиа намояд.

Дар матлаби «Помидори ваксинадор бар зидди COVID -19»  чунин нигоштаанд: «Мувофиқи иттилои сомонаи «Газета.уз» олимони маркази геномика ва биоинформатикаи Академияи илмҳои Узбекистон аз помидор ваксинаи хӯрданбоб ихтироъ намудаанд. Ба гуфтаи яке аз муҳаққиқон, баъди истеъмоли чунин помидор ҳуҷайраҳои номдори ваксинадор дар меъда тақсим шуда, антиген (тавлидкунандаи антител) ҳосил мекунанд…». Хонанда имкон дорад, ки шарҳи пурраи ин матлабро аз шумораи рӯзнома мутолиа намояд.

Нашрияи расмии русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Народная газета» №41 (20322) чоршанбе, 20 октябри соли 2021 иштирок ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ҷаласаи Шӯрои сарварони давлатҳои аъзои ИДМ, сафари расмии Сарвари давлат ба Ҷумҳурии Фаронса, иштироки Сарвари давлат дар Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қароргоҳи ЮНЕСКО, Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони мамлакат бахшида ба Иди Меҳргонро ба нашр расонидааст.

Дар ин шумора таҳти унвони «Земля- национальное богатство государства», «Махмадтоир Зокирзода встретился с Президентом Турции», «Компьютерная зависимость детей стала серьезной проблемой», «На высоте птичьего полета», «В свет вышла «Энциклопедия таджикской периодической печати»  матолиб ва дигар хабару гузоришҳо ба чоп расидаанд.

Дар шумораи инҳафтаинаи нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон /ҲХДТ/ «Минбари халқ» №42 (1336) чоршанбе, 20 октябри соли 2021 сафари расмии Пешвои миллат ба Ҷумҳурии Фаронса, иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Музейи Гимей — Осорхонаи  санъати Шарқи   шаҳри Париж, намоиши нигораҳои таърихии кишвари мо таҳти унвони «Тоҷикистон-кишвари дарёҳои тиллоӣ», иштирок дар маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО, суханронии Сарвари давлат дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои ИДМ  нашр шудаанд.

Инчунин мавод таҳти унвони «ВМКБ: Ҷашни бошукӯҳи истиқлол дар Хоруғ ва Мурғоб», «Форуми «Занон: вазифаҳои глобалӣ бо воқеияти нав», «Девбандӣ парчами Толибон», «Тақсимбандии толибон: қавму қабилаҳо, зиддиятҳо, сарварон», «Роғун»-фардои дурахшони Ватан» ва дигар хабару гузоришҳо    ба нашр расидаанд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз АМИТ «Ховар»

Октябрь 22, 2021 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд