Муассисаи нашриявии «Ирфон» ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ду намуд руқъа ба нашр расонид
ДУШАНБЕ, 16.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Муассисаи нашриявии «Ирфон» ва дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду намуд руқъа (откритка) бо теъдоди 1000 нусха ба нашр расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии нашриёти «Ирфон» .
Руқъаҳо «Тоҷикистон – кишвари куҳанбунёд» ва «Тоҷикистони замони истиқлол» унвон гирифта, ҳар яке иборат аз 30 акси мавзеъҳои таърихӣ ва биноҳои муосир бо нашри маълумоти мухтасар бо се забон- тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мебошанд.
«Димнаи Муғтеппа», «Мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ», «Мақбараи Хоҷа Машҳад», «Қалъаи Хуҷанд», «Қалъаи Вомар», «Мақбараи Хоҷаи Нур», «Кӯҳи Чилдухтарон», «Гармчашма», намунаҳо аз кишвари куҳанбунёд буда, «Кохи Наврӯз», «Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ», «Китобхонаи миллии Тоҷикистон», «Қасри миллат», «Боғи Куруши Кабир», «Театри вилоятии мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назаров», «Бозори Меҳргон», Кохи фарҳанги «Суғдиён», «Амфитеатр» ифтихор аз Тоҷикистони замони истиқлол мебошанд.
Маводи мазкур армуғон ва роҳнамои хубест барои сайёҳону меҳмонони кишвари қадимиву рушдкардаи мо-Тоҷикистон. Ташаббуси мазкур аз ҷониби Муассисаи нашриявии «Ирфон» қадами аввалинест миёни ноширони мамлакат, ки қобили дастгирӣ мебошад.
АКСҲО: МД нашриёти «Ирфон»








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад






