Муовини Вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи кишварҳои ИДМ иштирок намуд

Октябрь 8, 2021 12:25

ДУШАНБЕ, 08.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 7 октябр дар Ереван ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи кишварҳои узви ИДМ доир гардид. Дар он аъзои Шӯро аз Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон, инчунин намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ, Узбекистон ва шахсони даъватшуда  ширкат варзиданд. Тоҷикистонро дар ин нишаст муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода намояндагӣ намуд.

Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, аъзои Шӯро дар ин ҷаласа 19 масъалаи рӯзномаро баррасӣ карданд. Ҳамин тариқ, ҳолат ва дурнамои рушди Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург ҳамчун ташкилоти асосии кишварҳои Иттиҳод барои тайёр кардани кадрҳо аз фанҳои гуманитарӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ, инчунин Донишкадаи ҷумҳуриявии таҳсилоти касбии Ҷумҳурии Беларус чун заминаи асосии таълими касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо дар системаи таҳсилоти касбӣ ва миёнаи махсус таҳлил карда шуд.

Инчунин Шӯро бо пешниҳоди ба Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия (РУДН) додани мақоми ташкилоти асосӣ оид ба таълим ва бозомӯзии кадрҳои баландихтисоси журналистӣ розигӣ дод.

Намояндагони кишварҳои ИДМ тасмим гирифтанд, ки таҳияи равишҳои умумиро дар самти таъмини сифати таҳсилоти олӣ идома диҳанд. Барои ин, тасмим гирифта шуд, ки таҷрибаи истифодаи технологияҳои рақамӣ дар арзёбии сифати таҳсил дар давлатҳо аз бар карда шуда, беҳтарин барномаи амалиёти иттилоотии миллӣ барои имкони истифодаи минбаъдаи онҳо муаррифӣ гардида, донишҷӯён ба тартиботи берунӣ ва арзёбии дохилии сифати таълим ҷалб карда шаванд.

Шӯро таҳрири нави Низомнома дар бораи Фестивали байналмилалии камолоти педагогиро тасдиқ кард. Ба ҳуҷҷат меъёрҳо ва нишондиҳандаҳои баҳодиҳии иштирокчиёни Фестивал, аз ҷумла меъёрҳо ва нишондиҳандаҳои арзёбии таҷрибаи фаъолияти педагогӣ, нақшаи дарс ва мастер-классҳо ворид карда шуданд.

Иштироккунандагони ҷаласа дар бораи иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи марҳилаи аввали (2021–2025) Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ барои давраи то соли 2030 қарор қабул карданд. Аз ҷумла, тасмим гирифта шуд, ки гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаҳои Барномаи тадқиқоти илмии давлат ва дурнамои рушди системаҳои миллии сертификатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ ва Созишнома оид ба эътирофи мутақобилаи ҳуҷҷатҳо таъсис дода шавад.

Бо мақсади ҳамкорӣ бо муқовимат ба паҳншавии COVID-19, аъзои Шӯро тасмим гирифтанд, ки таҷрибаи беҳтарини истифодаи таълими фосилавиро тавассути гузаронидани вебинарҳои онлайнӣ барои қишрҳои гуногуни омӯзгорон, таҳия ва татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ бо истифода аз онро мубодила кунанд.

Шӯро Консепсияи Конгресси VII муаллимон ва омӯзгорони кишварҳои узви ИДМро, ки қарор аст дар семоҳаи IV соли 2022 дар Қазоқистон баргузор шавад, тасдиқ кард. Мавзӯи Конгресс муайян карда шуд — «Ташаккули Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар воқеияти нав ва тағйир додани раванди таълим дар давраи пас аз пандемия».

Иштироккунандагони ҷаласа рӯйхати нафарони бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» мукофотонидашавандаро тасдиқ ва рафти татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор, баргузории чорабиниҳо ба муносибати 30 -солагии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро баррасӣ карданд.

Инчунин омодагӣ ва иштирок дар чорабиниҳои ба солҳои мавзӯӣ бахшидашуда дар ИДМ: 2022 — Соли ҳунарҳои мардумӣ ва мероси фарҳангӣ, 2023 — Соли забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳоро муҳокима намуданд.

Шӯро ба кормандони Донишгоҳи давлатии гуманитарии Русия, ташкилоти асосии таълими таърих барои таҳияи маводи методӣ бахшида ба солҳои мавзӯӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил изҳори миннатдорӣ кард.

Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон Куаниш Эргалиев ба муҳлати навбатӣ раиси Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи маориф интихоб шуд.

Тибқи қарор, ҷаласаи навбатии Шӯро соли 2022 дар Қазоқистон баргузор мешавад.

АКСҲО аз маракази матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ

Октябрь 8, 2021 12:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
«ТОҶИ СОМОН». Қабули филмҳо барои иштирок дар синамоҷашнвораи миллӣ то 15 сентябр идома меёбад
«МОДАРНОМА». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзаалӣ Шариф ифтитоҳ ёфт
СОТИМ УЛУҒЗОДА ВА ҚАДРШИНОСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба 115-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода
Дар Душанбе китоби «Президент сказал: Любите!…» рӯнамоӣ гардид
Муовини вазири корҳои хориҷии Умон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Дар Теҳрон китоби «Бо корвони «Шоҳнома»: аз Тӯс то Душанбе» ба нашр расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Кинотеатри «Ватан» навсозӣ ва бо технологияи муосири намоиши филмҳо муҷаҳҳаз гардонида шуд
Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши китобхонаҳои шахсӣ дар рушди китобдории миллати тоҷик дар замони ҷаҳонишавӣ» ҳамоиш доир шуд
Пагоҳ дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
Соли 2027 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Покистон баргузор мегарданд