Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ вохӯрии Гурӯҳи дӯстони обро дар шакли видеоконференсия баргузор намуд

Октябрь 19, 2021 08:12

ДУШАНБЕ, 18.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 15 октябр Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ  ҷиҳати татбиқи ҳадафу вазифаҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» вохӯрии навбатии Гурӯҳи дӯстони обро дар шакли видеоконференсия доир намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Меҳвари вохӯрӣ Конфронси бознигарии миёнамуддати Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки соли 2023 дар Ню-Йорк доир мегардад, буд.

Зимни мулоқот брифинги Фиристодаи махсуси Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об Султон Раҳимзода, Фиристодаи махсуси Нидерланд оид ба масоили об Ҳенк Овинк баргузор гардида, дар он роҷеъ ба раванди омодагӣ ба Конфронси мазкур маълумот пешкаш гардид. Ҳамчунин муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Лиу Женмин ба ҳайси Дабири кулли Конфронси 2023 оид ба об дар робита ба раванди омодагӣ ба Конфронс изҳори назар кард.

Муовини дабири кулл, Намояндаи олии СММ оид ба масъалаҳои Гурӯҳи кишварҳои тараққикардаи маҳсур дар хушкӣ,  кишварҳои кам тараққикарда ва кишварҳои хурди ҷазиравӣ Куртенай Раттрай ва муовини Раиси ниҳоди СММ-захираҳои об Келли Анн Нейлор дар нишасти мазкур низ иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар вохӯрӣ намояндагони бархе аз кишварҳои узви СММ дар бораи чорабиниҳои минтақавии тадорукотӣ ба Конфронси 2023, аз ҷумла роҷеъ ба чорабинии сатҳи баланд барои омодагӣ ба Конфронси 2023 оид ба об дар Сингапур (25.06.2021), Конфронси сатҳи баланд оид ба Ҳадафи 6-уми рушди устувор (ҲРУ 6) дар Бонн (01.07.2021), Саммити минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором оид ба об дар Япония (2022), Симпозиум оид ба Даҳсолаи байналмилалии амали об дар доираи Конфронси уқёнус дар Португалия (2022), Конфронси навбатии байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» дар Душанбе (2022) суханронӣ карданд.

Дар нишасти маҷозӣ беш аз 90 намояндаи кишварҳои узв дар сатҳи сафир иштирок карданд.

 

АКС аз ВКХ ҶТ

Октябрь 19, 2021 08:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо вазири авқофи Кувайт мулоқот намуд
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Президенти Шурои ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид