Намояндагони мақомоти ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон аз парваришгоҳҳои «Чатқол» ва «Ҷейран» боздид намуданд

Октябрь 18, 2021 14:45

ДУШАНБЕ, 18.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади табодули таҷриба намояндагони мақомоти ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Узбекистон сафари корӣ анҷом дода, бо  роҳбарияти Кумитаи давлатии экологияи Ҷумҳурии Узбекистон,  мутахассисони соҳаи гуногунии биологӣ, минтақаҳои ҳифзшаванда ва соҳаи идоракунии партовҳо вохӯриҳо анҷом доданд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ҳайати намояндагии ҳифзи муҳити зисти  Тоҷикистон ҳамзамон аз фаъолияти мамнуъгоҳи биосферии «Чатқол»-и  Узбекистон дидан намуд.

Дар доираи сафари корӣ ҳайати намояндагони мақомоти ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ба шаҳри Самарқанд ташриф оварда, бо намояндагони Корхонаи воҳиди давлатии «Мароканд» вохӯрданд ва  бо фаъолияти автомобилҳо, таваққуфгоҳҳо ва нуқтаҳои муваққатии партовҳои «Мароканд обод» шинос гардиданд.

Дар идомаи сафари корӣ ҳайати мақомоти ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон дар шаҳри Бухоро бо фаъолияти ҶДММ  «Аҳолӣ транс» шинос гардида, инчунин аз парваришгоҳи «Ҷейран»  боздид  намуданд.

Сафари кории намояндагони мақомоти ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ба Узбекистон дар доираи ҳамкории мутақобилан судманди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон бо Кумитаи давлатии экологияи Ҷумҳурии Узбекистон  ҷараён мегирад.

Аксҳо аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ

Октябрь 18, 2021 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

23 июл дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
22 июл дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Суди Олӣ, вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ доир мегардад
21 июл дар Суди Олӣ, вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад