Намояндаи СУТ аз кишварҳои ИА даъват кард, ки ба Арманистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Украина ваксина диҳанд
ДУШАНБЕ, 08.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо, ки аз ҷониби ҷомеа ба таври мутамарказ бо ваксина бар зидди коронавирус таъмин карда мешаванд, аксар вақт ба кишварҳои сеюм ваксинаро қариби ба охир расидани муҳлати истифодаашон медиҳанд. Тавре АМИТ “Ховар” бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, бо интиқод аз ин рафтор дирӯз, 7 октябр, дар мусоҳиба бо ҳафтаномаи русизабони Экспресс-неделя, ки дар Литва нашр мешавад, намояндаи махсуси Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) дар минтақаи Аврупо Витянис Андрюкайтис (ДАР АКС) изҳори назар кард.
«СУТ аз кишварҳои аврупоӣ хоҳиш мекунад, ки ваксинаҳои мавҷударо бо Украина, Тоҷикистон, Арманистон, Қирғизистон бо ҳам бинанд,- гуфт ӯ.- Аммо онҳо намехоҳанд мубодила кунанд, онро дар анбор нигоҳ медоранд ва баъди ба охир расидани муҳлати нигоҳдорӣ, ки аз он ду ҳафта боқӣ мемонад, медиҳанд».
Тавре ки Андрюукайтис хотиррасон кард, Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои узви ҷомеаи аврупоӣ 700 миллион воя ваксина ва барои кишварҳои ҷаҳони сеюм 700 миллион воя ваксинаи дигар харидорӣ кард. “Аммо ин маънои онро надорад, ки ин вояҳо аллакай дастрасанд, ин нақшаи фармоиш барои истеҳсолкунандагон аст”,- шарҳ дод ӯ.
Тавре намояндаи махсуси СУТ зикр намуд, бинобар норасоии ваксина дар баъзе минтақаҳо, созмони ҷаҳонӣ имконпазир мешуморад, ки ба реваксинатсия, яъне ба эмгузаронии сеюм шитоб накунанд. “СУТ хоҳиш мекунад, ки то ба охир расидани ваксинакунӣ [ба таври оммавӣ] ба реваксинатсия шитоб накунед, зеро бисёр кишварҳо аз нарасидани ваксинаҳо азият мекашанд. Як чиз муҳим аст — ҳамбастагӣ! Вале ҳоло мо мебинем, ки аз рӯи мақоли “Аввал хеш – баъд дарвеш” амал мекунанд”.-гуфт ӯ.
АКС аз манбаъҳои боз








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






