Ноҳияҳои Рашт ва Сангвор нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуданд

Октябрь 1, 2021 17:22

РАШТ, 01.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар  қисми ҳарбии қӯшунҳои зудамали  Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт таҳти унвони «Рӯзи даъватшаванда» маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардид. Дар  майдони қисми ҳарбӣ  даъватшавандагон   аз ноҳияҳои минтақаи Рашт ба таври ихтиёрӣ барои шомил шудан ба сафи Артиши миллӣ ҳозир гардиданд. Ноҳияҳои Сангвор ва Рашт нақшаи даъвати ҳарбиро дар рӯзи аввал сад фоиз иҷро намуданд.  Инчунин ноҳияҳои Лахш, Тоҷикобод  ва Нуробод нақшаи даъвати ҳарбиро дар рӯзи аввал зиёда аз 90 фоиз иҷро карданд.

Дар ҳамоиш  раисони ноҳияҳои минтақаи Рашт, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, падару модарони даъватшавандагон ва собиқадорону фаъолони ҷомеа иштирок намуда, бо дуои нек наваскаронро гусел намуданд.

Раиси ноҳияи Сангвор Маҳмадшоҳ Давлатзода  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд гуфт, ки «ҳифзи Ватан- Модар  муқаддас буда, қарзи шаҳрвандии ҳар сокини баномуси ин кишвар мебошад. Хушбахтона, сокинони ноҳияи Сангвор,  махсусан ҷавонони синни даъватӣ ҳифзи марзу буми кишварро барои худ қарзи фарзандӣ дониста, имрӯз бо волидайни  хеш дар чорабинии тантанавии  Рӯзи даъватшаванда иштирок намуда, ба сафи Артиши миллӣ шомил гардида истодаанд. Мо ифтихор менамоем, ки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии кишвар зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбия ёфта, бо дохил шудан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон содиқ будан ба Ватан-Модар ва давлати худро нишон медиҳанд».

Дар ҳамоиши мазкур  ба зиёда аз 60  нафар наваскароне, ки курси ронандагии ҶДММ «Мададгори мудофиа» – ро хатм намуда, барои ба сафи Артиши миллӣ шомил шудан ихтиёран ариза навишта буданд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуданд.

Хушбахтона, дар ин маърака хизматчиёни давлатии навоҳии минтақаи Рашт, аз ҷумла раиси ноҳияи Рашт Раҳимҷон  Муқимӣ, раиси ноҳияи Тоҷикобод Қадриддин Фақерзода,  мудири шуъбаи ташкилӣ  ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Нуробод Назригул Шамсиева, раиси молияи ноҳияи Рашт Хурсанд Давлатёрзода ва дигарон бо масъулияти баланди инсонӣ  барои намунаи ибрат гардидан фарзандони худро ба сафи Артиши миллӣ гусел намуданд.

Дилором Орифова, модари даъватшаванда Муҳаммадӣ Орифов аз ноҳияи Рашт иброз дошт, ки “вақте фарзандам дар хурдсолӣ ба мактаб рафт, бо ҳавас аз думболаш мерафтаму орзу мекардам, ки писарам калон шаваду чун бародаронам бо ифтихор ба хизмати Ватан равад ва дар назди хешу табор бо сари баланд гӯям, ки аскарбача  дорам  ва барояш тӯшаи роҳ омода кунам. Имрӯз ба мақсад расидам. Фарзандам мақсади маро амалӣ сохта, бо қалби лабрез аз муҳаббати ватандорӣ ихтиёран ба сафи  Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон меравад ва чун дигар ҷавонони сарбаланди тоҷик хизмати ҷавонмардияшро адо менамояд”.

Раиси ноҳияи Лахш Файзулло Баротзода гуфт, ки «ҷавонони ноҳияи Лахш ба мисли дигар ҷавонони навоҳии  минтақаи Рашт дар натиҷаи тарбияи дуруст ва дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба хубӣ дарк намуда, баҳри ҳифзи номусу шарафи ватандории хеш дар рӯзи якуми даъват бо омодагии ҷиддӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи  ҷумҳурӣ шомил гардиданд. Аҳсан ба модароне, ки чунин ҷавонмардони бо нангу номус ва хештаншинос ба воя расонидаанд, ки онҳо имрӯз ба таври ихтиёрӣ  ба хизмати Ватан-Модар роҳсипор гардида,  бо ин ҷасораташон ҳамчун қаҳрамон барои наслҳои минбаъда мояи ифтихор мебошанд».

Дар маъракаи мазкур даъватшаванда аз ноҳияи Лахш Урозбек Орунов аз ҷавонони ҷумҳурӣ даъват ба амал овард, ки «ҳамсолони ман аз саросари ҷумҳурӣ бояд аз хизмати ҳарбӣ наҳаросанд ва пайрави гузаштагони худ шуда, ҳамеша баҳри ҳимояи марзу буми Ватани аҷдодии хеш омода бошанд».

Дар анҷоми ҷамъомади тантанавӣ дастаи ҳаваскорони бахшҳои фарҳанги ноҳияҳои минтақа барномаи ҷолиби консертиро манзури ҳозирин карданд.

АКСҲО аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт

Октябрь 1, 2021 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд