Номзад аз ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар ҳавзаи интихоботии №58 пешбарӣ гардид

Октябрь 23, 2021 10:46

ДУШАНБЕ, 23.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар Конференсияи XXXIII ғайринавбатии ташкилоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Нуршед Машрабов аз ҷониби ҲХДТ номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар ҳавзаи интихоботии №58 пешбарӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Конференсия 22 октябр дар асоси қарори маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ дар толори Кумитаи андоз баргузор шуда, дар он Раиси ноҳияи Фирдавсӣ Фатҳиддин Усмонзода, роҳбари маркази таҳлилии дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Илҳомҷон Ҳамидиён, раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, раиси Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Абдулло Холиқов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён ва 194 вакилон аз кумитаҳою ташкилоти ибтидоӣ иштирок намуданд.

Дар Конференсия номзадии Нуршед Машрабов аз ҷониби ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар ҳавзаи интихоботии №58 пешбарӣ гардида, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Вобаста ба масъалаи рӯзномаи конференсия ҳайати Раёсат ибрози андеша карда, дар охир вакилон номзадии Нуршед Машрабовро ҷонибдорӣ намуданд.

Дар фарҷоми конференсия оид ба масъалаи баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

АКСҲО аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ

Октябрь 23, 2021 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» ва КМВА Душанбе созишномаи ҳамкориро тамдид намуданд
Ajoyib.TV: шабакаҳои телевизионӣ ва онлайн-кинотеатрҳо дар як хизматрасонӣ
ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ОИНАИ ФАРҲАНГ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе либосҳои тоҷикиро тарғиб менамоянд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
БАҲОРИ ГУЛРЕЗИ ТОҶИКИСТОН. Барои кишоварзон мавсими кишту кор фаро расид
НУҚТАИ НАЗАР. Ва ё нонреза ҳам нон аст
Дар шаҳри Кӯлоб 28 мавзеи осебпазир муайян гардидааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад