Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
ДУШАНБЕ, 01.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 1 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи якчанд иншооти таъйиноти гуногун ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар даромадгоҳи ноҳия сокинон бо самимияти хосса истиқбол гирифтанд.
Дар ин ҷо Президенти мамлакат нахуст аз болои лавҳаи рамзии Маҷмааи даромадгоҳи ноҳия парда бардошта, онро ифтитоҳ карданд.
Маҷмааи нави даромадгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар шафати шоҳроҳи ноҳияи Ҳамадонӣ ва Фархор дар масоҳати 500 метри мураббаъ бо қитъаи сабзкорӣ ва корҳои чароғонкунӣ бунёд гардидааст.
Баландии маҷмаа 10 метрро ташкил дода, бо навиштаҷоти ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 12 сутунпоя ва акси аллома Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ороиш ёфтааст.
Маҷмааи даромадгоҳи ноҳия бо тарҳи нави меъморӣ ва зерпояи он бо сангҳои мармар сохта шудааст.









Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд






