ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш дар назар аст

Октябрь 16, 2021 08:32

ДУШАНБЕ, 16.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабр  ва тағйирёбандаи  бебориш дар назар аст, иттилоъ медиҳад  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар». 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0+5 дараҷа гарм ва  рӯзона 17+22  дараҷа гарм мешавад.  Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона  5+10 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағийрёбандаи  бебориш мешавад. Шамол  аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 3+8  ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм , рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои  тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 5+10 ва рӯзона 21+26  дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 4+9  ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво  камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағийрёбандаи бебориш мешавад.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо  шабона 3+8  ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона  18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  5+7  ва рӯзона 23+25 дараҷа гарм мешавад.

Октябрь 16, 2021 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва ҳамоиш оид ба 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир ва «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: Русия ва Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи рақамикунонӣ тақвият мебахшанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар кӯчаҳои Хуҷанд барои пешгирии ифлосшавии муҳити зист дурбинҳои назоратӣ насб гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳаҳои маорифу тандурустии ноҳияи Ёвон нақшаи захираи ангишт пурра иҷро гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ишкошим сохтмони Литсейи касбии техникӣ оғоз ёфт
Сарони давлатҳо қарорро дар бораи таъсиси қолаби нав бо номи «ИДМ плюс» имзо карданд
Раим Саданшоев: «Мо на танҳо дар самти таъмини алоқа, балки дар дигар соҳаҳо низ ҳамроҳи шумоем»