Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба тенниси рӯи миз миёни мардону бонувон муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 18.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори варзишии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тенниси рӯи миз миёни мардону бонувон баргузор гардид. Дар натиҷа миёни мардон дар намуди даставӣ ҷои аввал сазовори Суғд, ҷои дуюм насиби Душанбе ва ҷои сеюм насиби дастаи Хатлон-2 гардид. Байни бонувон ҷои якум сазовори Суғд-1, ҷои дуюм насиби Душанбе ва ҷои сеюм насиби Суғд-2 гардид.
Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи тенниси Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Чемпионати мазкур бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни мардону бонувон, ҷалби бештари онҳо ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва мустаҳкам намудани дӯстӣ миёни ҳам ба ҳисоб меравад. Дар чемпионат беш аз 70 нафар варзишгарон аз дастаҳои Душанбе, ШНТМ, Хатлон 1, Хатлон 2 Суғд-1 ва Суғд-2 иштирок ва қувваозмоӣ намуданд.
Дар ҷамъбасти чемпионат ғолибон бо медал ва диплом қадрдонӣ гардиданд.
Акс аз Федератсияи тенниси Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






