Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон филиали ҶДММ «Нонпаз»-ро дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
ДУШАНБЕ, 01.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 1 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон филиали Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нонпаз”-ро дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Дар маркази хизматрасонӣ дар баробари омода ва ба фурӯш гузоштани маҳсулоти гуногуни нонӣ, аз ҷумла кулчаю қалама, чаппотию фатир, самбӯса ва кулчақанду шириниҳо, ҳамзамон ҷавонон ба касбомӯзӣ ҷалб карда мешаванд.
Иншооти хизматрасонӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нонпаз” бунёд карда шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон барои таъсиси маркази пухту пази маҳсулоти нонӣ ва ба касбомӯзӣ ҷалб кардани духтарон изҳори сипос карданд.
Дар марказ кадбонувони моҳир беш аз 20 намуд маҳсулоти нонӣ ва кулчақанду шириниҳо омода карда, ба мардум пешниҳод менамоянд. Маҳсулоти истеҳсолшуда ба бозору нуқтаҳои фурӯши ноҳия дастрас гардида, талабгорони зиёд доранд.
Айни замон дар маркази хизматрасонӣ ва касбомӯзӣ зиёда аз 20 нафар фаъолият менамоянд, ки аксари онҳо занону бонувони маҳаллӣ мебошанд. Бояд гуфт, ки занону бонувони ба кор ҷалбшуда қаблан хонашин буданд ва акнун соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардидаанд.
Бо мақсади аз худ кардани пухтупази маҳсулоти ғизоӣ, аз қабили кулчақанду шириниҳо ҳамарӯза ҷавонони зиёд ба ин марказ меоянд ва дар рафти машғулияти амалӣ нозукиҳои омода кардани маҳсулоти нонӣ ва кулчақанду шириниҳоро меомӯзанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бештар ҷалб кардани ҷавонони соҳибзавқ ба касбомӯзӣ, махсусан омода кардани кулчақанду шириниҳо масъулонро вазифадор намуданд.
Филиали Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нонпаз” аз аввалин маркази касбомӯзию хизматрасонии муосир дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мебошад, ки фаъолияти худро ба истеҳсоли маҳсулоти нонӣ ва кулчақанду шириниҳо равона кардааст. Ҳоло бо фармоиши мизоҷон дар марказ кулчақанду шириниҳо ва маҳсулоти нонӣ сари вақт омода ва пешкаш мегарданд. Дар сурати афзудани талаботи аҳолӣ ба маҳсулоти ин марказ истеҳсоли онҳо бештар карда мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадбонувони ноҳия суҳбати самимӣ ороста, барои омода кардани маҳсулоти болаззату серғизои нонӣ ба онҳо изҳори сипос карданд.
Дар саҳни филиали Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нонпаз” ҳунармандони чирадасти ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз 8 ҷамоати шаҳраку деҳот намунаҳо аз офаридаҳои худ, аз қабили қолинбофӣ, чӯбтарошӣ, бофандагӣ, муҳрабофӣ, заргарӣ, чакандӯзӣ, шерозбофӣ ва гулдӯзиҳоро ба намоиш гузоштанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо маҳсули офаридаҳои ҳунармандон ба заҳмати онҳо баҳои баланд дода, барои боз ҳам рушду равнақ додани ҳунарҳои қадимаи халқи тоҷик ва омӯзондани онҳо ба насли оянда маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.
Ҳунармандони соҳибзавқу хушсалиқаи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ солҳои охир ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, барои аз насл ба насл гузаштани мероси пурғановати ниёгон ҷавононро дар рӯҳияи ифтихори баланди миллӣ ва ватандӯстӣ тарбия менамоянд.









Дар деҳаи Кулчашмаи ноҳияи Муъминобод фурудгоҳи маҳаллӣ навсозӣ мешавад
Дар Хуҷанд роҳҳои маҳаллаҳои навбунёд мумфарш ва хиёбонҳои асосӣ васеъ карда мешаванд
Қоҳир Расулзода дар якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо рафти корҳои созандагӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ шинос шуд
Дар Конибодом иншооти нави иҷтимоию саноатӣ ва истироҳатӣ бунёд карда мешаванд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ
Дар деҳаи Истиқлоли ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар минтақаи Рашт 30 оилаи ниёзманд соҳиби манзили истиқоматӣ шуда, ду корхонаи саноатӣ фаъол гардид
Сафари кории Президенти Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад






