Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадониро ифтитоҳ намуданд

Октябрь 1, 2021 09:30

ДУШАНБЕ, 01.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 1 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Қаҳрамон»-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мирзо Раҷаб»-ро ифтитоҳ намуданд.

Корхонаи нави саноатӣ дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар аз тарафи соҳибкори ватанӣ Ҷиёнхон Мирзоев бо харҷи 1,7 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.

Бо таъсиси корхонаи мазкур 26 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.

Дар корхона чор хати муосири технологӣ, ки аз Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардидаанд, васлу насб шуда, 10 намуд  халтаҳои полипропиленӣ бо андозаҳои гуногун истеҳсол карда мешаванд. Тамоми номгӯи маҳсулоти истеҳсолшаванда аз лиҳози намуд ва сифат ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи навбунёди истеҳсолӣ ба соҳибкори маҳаллӣ барои  ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ба шуғли доимӣ ҷалб кардани сокинон ва ба ин восита баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум изҳори сипос намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз аз 1500 то 2000 дона халтаҳои полипропиленӣ мебошад, ки солона зиёда аз 600 ҳазор ададро ташкил медиҳад.

Дар корхона ашёи хом — полипропилен аз Федератсияи Русия ва ҷумҳуриҳои Узбекистону Қазоқистон дар асоси шартномаи ҳамкорӣ дастрас гардида, то марҳилаи ниҳоӣ коркард мешавад.

Айни замон халтаҳои полипропилении истеҳсоли ин корхона дар бозор, марказҳои савдову хизматрасонӣ, мағозаҳо ва дигар нуқтаҳои фурӯши молҳои саноатӣ ва масолеҳи сохтмонӣ ба таври васеъ истифода мегарданд. Халтаҳои полипропилении калонҳаҷм асосан барои маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзӣ пешбинӣ шудааст.

Коргарон нақша доранд, ки дар баробари таъмини талаботи бозорҳои дохилӣ истеҳсолотро бештар карда, содироти ин навъи маҳсулоти ватаниро ба кишварҳои ҳамсоя низ ба роҳ монанд. Ҳадаф аз бунёди корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ тақвияти иқтидори истеҳсолии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон мебошад.

Пас аз шиносоӣ бо ҷараёни истеҳсолот дар корхонаи нав Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти саноатӣ, хӯрокворӣ ва сохтмонӣ, ки аз ҷониби саноатчиёни ноҳия ташкил карда шудааст, дидан карданд.

Дар намоиш намаки ошии ёддор, равғани растанӣ, меваю сабзавоти консервашуда ва масолеҳи гуногуни сохтмонӣ муаррифӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки айни замон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зиёда аз 68 корхонаи саноатӣ амал мекунанд, ки ба истеҳсоли маҳсулоти гуногун, аз қабили орду равған, намак, коркарди меваю сабзавот ва дигар навъи маҳсулоти зарурии рӯзгор машғул мебошанд.

Ҳиссаи соҳаи саноат ба иқтисодиёти ноҳия назаррас буда, ҳамасола бо таъсис ва фаъолияти босамари коргоҳу корхонаҳои нав ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолӣ афзоиш меёбад.

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 01.10.2021

Октябрь 1, 2021 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар деҳаи Кулчашмаи ноҳияи Муъминобод фурудгоҳи маҳаллӣ навсозӣ мешавад
Дар Хуҷанд роҳҳои маҳаллаҳои навбунёд мумфарш ва хиёбонҳои асосӣ васеъ карда мешаванд
Қоҳир Расулзода дар якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо рафти корҳои созандагӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ шинос шуд
Дар Конибодом иншооти нави иҷтимоию саноатӣ ва истироҳатӣ бунёд карда мешаванд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ
Дар деҳаи Истиқлоли ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар минтақаи Рашт 30 оилаи ниёзманд соҳиби манзили истиқоматӣ шуда, ду корхонаи саноатӣ фаъол гардид
Сафари кории Президенти Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад